Бо дастури президент дар шаҳри Турсунзода мактабҳои ӯзбекӣ кушода мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии шаҳри Турсунзода супориш доданд, ки барои аҳолии ӯзбекзабон мактабҳои нави ӯзбекӣ бунёд карда шаванд.
Ин тадбир ба он хотир андешида шудааст, ки фарзандони аҳолии ин минтақа, ки аксарияташон ӯзбекзабон мебошанд, бо забони модарии худ таҳсил карда тавонанд. Таъкид гардид, ки ин муассисаҳои таълимӣ бояд бо ҳамаи китобҳои дарсӣ ва маводи зарурӣ пурра таъмин карда шаванд.