Arzon march 2024
БАҲРИДДИНИ САБУР КӢ БУДУ КӢ ШУД?
13182
БАҲРИДДИНИ САБУР КӢ БУДУ КӢ ШУД? (ВИДЕО)


Ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷиҳати даромади иқтисодӣ оилаи тоҷиконро сахт такон дод. Аксари ситораҳое, ки имрӯз дар саҳнаи тоҷик медурахшанд, дар гузашта бо қошуқи тиллоӣ ош нахӯрдаанд.

Қисми зиёди одамони муваффақ рӯзгори сахттаринро паси сар намудаанд. Баҳриддини Сабур аз зумраи онҳост. Он Баҳриддинеро, ки шумо дар Инстаграму Ютуб номдору доро мебинед, агар китоби зиндагияшро варақгардон кунем, аз кӯдакони оворау сарсон фарқе надошт, чунки сангитарин рӯзҳо думболагираш буданд. Имиҷи Баҳриддини Сабурро худи Баҳриддин сохт.

Баҳриддини Сабур чӣ гуна ба олами “Шоу бизнес” роҳ ёфт?
Чаро насабаш Сабур аст, ҳол он, ки номи падараш Сабур набуд?

Оре, он рӯзҳо Баҳриддин ҷузвдон надошт. Китобу дафтар дар бағал ва ручкаю қалам дар кисса ба дарс мерафт. Гоҳҳо модари азизи Баҳриддин аз халтаи орд сумкаи дастӣ мисли борхалтаҳои имрӯза медухту писараш Сабур бе ягон ҳисси шарм онро ба китф овезон карда, ба мактаб мерафт.

Баҳриддин мисли кӯдакони имрӯза “туфлӣ”-и брендӣ намепӯшид. Дар нӯҳ солагияш Баҳриддин мисли дигар ҳамсинфонаш пойафзоли қиммат напӯшида, бо “шлёпки”-и харидаи падараш ҳамроҳи рафиқаш роҳ сӯйи мактабро пеш гирифт. Он субҳ хурсандии Баҳриддин ҳадду канор надошт, ӯ зуд-зуд ба пойафзолаш нигариста, ба ҷӯрааш таъриф мекард, ки падараш ба ӯ “шлёпки”-и нав харидааст, вале....
Ҳамин ҳангом писарбачаҳои кӯча аз паҳлуяшон гузашта, нохост ва ё қасдан буд, ки пойафзоли ҳанӯз гарднагирифтаи Баҳриддинро зер карда, гузашта мераванд. “Шлёпкиям дарид. Акнун чӣ гуна ба дарс равам? Чӣ кор кунам?”,-гӯён ноумедона ашк мерехт Баҳриддин.
Замоне, ки ҳамсинфонаш шоду масрур дар саҳни мактаб бо ҳам бозӣ мекарданд, Баҳриддин бошад дар як кунҷи хиштрехтаи ҳавлӣ, пинҳон аз назари ҳамагон зор-зор мегирист. Ӯ расо як моҳ бо сабаби пойлуч буданаш ба дарс нарафт.
Ин ва дигар саргузашти аҷиби Баҳриддинро муфассал дар шакли видеоӣ дар ютубканали Oila.tj тамошо кунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД