Имрӯз, 2-юми октябр дар баъзе кӯча ва маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Ба иттилои Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт, маҳдудияти барқ аз соати 09:00 то 17:00 дар кӯчаҳои Нодира, Аҳрор Мухтор ва маҳаллаи Хуҷанбиёи боло ҷорӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки қатъи муваққатии барқ ба анҷоми корҳои таъмиру тармимӣ вобаста аст. Мақомот аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки ин маҳдудиятро ба назар гиранд.