goodwell
Барбӣ-блогери оқипадар Қисми 11
114

Барбӣ-блогери оқипадар

Қисми 11

 

Комрон, ҳамон марде, ки ҳаёти Манзураро ба дузах табдил дода, ӯро ба бозичаи дасти бойбачаҳо ва клубҳо мубаддал гардонд, дар асл фарде буд, ки Манзура ӯро солҳо амак меномид. Ӯ як хеши наздики онҳо бӣуд, ки бо падари Манзура бар сари мерос ва номус душманӣ дошт.

Акнун маълум гашт, ки ин ҳама танҳо қасос будааст. Қасоси заҳролуде, ки қурбониаш як духтари соддаву ташнаи меҳр гашт..
​Аммо Манзура инро намедонист. Ӯ аллакай дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ буд....

 

ххххх

Манзура аз ҳавопаймо фаромад. Ӯ дигар ороиши ҳавасангез ва либосҳои қиммати Барбиро надошт. Вай рӯймолчаи оддиякеро ба сараш баста, бе ҳеҷ ороиш, бо чашмони варамида аз гиря ба сӯи хонаи падар равон шуд.
​Дар роҳ дилаш чунон сахт мезад, ки гӯё ҳар лаҳза аз синааш берун ҷастан мехост...

Ӯ ба қишлоқ расид. Ҳамон кӯчаҳое, ки кӯдакиаш дар он ҷо гузашта буд, аммо акнун одамон дар кӯча бо ҳақорату нигоҳҳои сард ба ӯ менигаристанд. Занон зери лаб пичир пичир мекарданд, мардон ӯро дида рӯй мегардонданд.

“Нигоҳ кунед, Барбӣ омад. Духтари беномуси орқи падар боз омад.” Ин суханон амсоли ханҷар ба дилаш халида, онро гӯё пора-пора мекарданд, вале кӯшиш мекард аҳамият надиҳад ва худро нодидаву ношунида вонамуд созад.
​Ниҳоят Манзура ба пушти дарвозаи хонаашон расид. Дарвозаи кӯҳнаи чӯбин кушода буд, вале ӯ наҷуръат мекард, ки дарояд.
-​Очачон,-бо садои гиряолуд овоз баровард Манзура.
​Дарвоза оҳиста кушода шуд. Модар духтарашро дида гирён шуд.

​Манзура худро ба оғӯши модараш партофт. Ду зан дар байни ҳавлӣ бо овози баланд гиристанд.
-​Очаҷон, маро бубахш. Маро бубахш, оча. Ман роҳамро гум кардам. Ман нафаҳмидам,-гӯён мегирист Манзура ва рухсорахои модарашро мебӯсид.
​-Ман туро бахшидаам, ҷони оча. Аз рӯзе, ки рафтӣ, ҳар шаб бароят дуо мекардам.
​Манзура бо тарс падарашро ҷӯё шуд.
​Дар як куни ҳавлӣ, болои кати чӯбин падараш нишаста буд. Марде, ки замоне сарбаланд ва мағрур буд, акнун чунон хароб ва пир шуда буд, ки Манзура ӯро базӯр шинохт. Чашмони падар бенур менамуданд. Вай ба нуқтае дида дӯхта, ҳатто сарашро боло накард. Аз мухочират касалманд баргашта буд.
​Манзура пеши падар ба зону зад.

-Отаҷон, мани гумроҳро бубахшед!
​Падар хомӯш буд.
-Ман омадам, ки пеши поят афтам. Омадам, ки бигӯям, маро бикушед, аммо танҳо як бор, як бор ба чашмонам нигоҳ карда, бигӯед, ки маро бахшидед.Танҳо як бор духтарам гӯед.
​Падар оҳиста сарашро боло кард. Дар чашмони ӯ ашк ҷамъ шуда буд. Ӯ ба чеҳраи духтараш нигарист. Дар он чеҳра дигар аломате аз он бешармиҳо набуд, акнун дар рӯ ба рӯяш танҳо як кӯдаки тарсону ноумед меистод.
​Ӯ дасташро ба сари Манзура гузошт.
-Духтарам,-зери лаб пичиррос зад падар,-ту ангушти шашуми ман ҳастӣ, ки агар бибурам, ҷони худам дард мекунад.
​Манзура бо тамоми ҳастиаш фарёд кашид ва сарашро ба зонуи падараш гузошт.
-Отачон, ҷон отачон, аз гуноҳи мани бадбахт гузаред!
​Ман туро аз дилам хат назада буд,-гириста гут падар.

Гиряи ин марди содлманд он қадар дарднок буд, ки дили санги хороро низ ба дард меовард.

-Ман барои он туро “оқ” кардам, ки дилам ба номусам месӯхт. Аммо дили падар аз санг сахт нест, духтарам. Ман туро бахшидам...
​Дасти падар, ки болои сари Манзура буд, якбора беҳис шуда, афтид ва сараш ба як тараф хам шуд.
Дили бемору ранҷури падар, ки солҳо ин дардро таҳаммул мекард, пас аз бахшидани фарза ндаш аз таппиш бозмонд. Вай гӯё маҳз ҳамин лаҳзаро интизорӣ мекашид, то духтарашро як бори дигар бубинад ва духтарам гуфта, сипас абадан аз ин дунёи бевафо чашм бипӯшад.
​-Отаҷон,- Манзура сарашро боло кард,- Отаҷон, чашмонатонро кушоед.
​ Фарёди талхи Манзура ва модараш дар як лаҳза тамоми аҳли деҳаро ҷамъ кард...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД