35 years of independency
Барбӣ-блогери оқи падар Қисми 12
123

Барбӣ-блогери оқи падар

Қисми 12

Манзура ҷасади падарашро сахт ба оғӯш кашида, чунон гиря мекард, ки гӯё ҷонаш аз танаш ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар баромада бошад. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба зудӣ расида омад, вале табибон баъди муоина гуфтанд, ки падари Манзура аз сактаи калби фавтидааст.

 ххххх

Ҷанозаи падар гузашт. Одамон Манзураро бо ангушт нишон медоданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки бозгашти ин духтари бешарму ҳаё падарашро кушт, аммо Манзура гӯё кару кӯр гашта бошад, дигар ҳеҷ чизро намешунид. Зеҳнаш карахт шуда буд.
Манзура ба ҳуҷраи хоби худаш, ба хонае, ки даври кӯдакиаш гузашта буд, ворид гашта, ба оина нигарист. Дар оина дигар Барбӣ набуд. Дар он ҷо танҳо як духтари шикастадиле буд, ки натанҳо ҷавонӣ ва ҳаёти худ, балки падарашро низ аз даст дода буд.
​Ӯ телефонашро гирифт. Ҳамон телефоне, ки манбаи тамоми бадбахтиҳояш буд. Лаҳзае ба он нигарист, сипас саҳифаашро кушод. Саҳифае, ки миллионҳо обуначӣ дошт.
Манзура пахши мустақимро фаъол кард. ​Мухлисон фавран ворид шуданд.”Барбӣ, куҷо шудӣ? Чаро сиёҳпӯшӣ? Барбӣ, росташро гӯй, ба ту чӣ шуд?
​Манзура бо чашмони бенур ва ашколуд ба камера нигарист.
-​Ин охирин пахши мустақими ман аст, -гуфт ӯ,-шумо солҳо маро Барбӣ номидед. Либосҳои маро, ороиши маро, ҳаёти сохтаи маро дӯст доштед, аммо ин ҳама ҷоҳу ҷалоли сохтаи паси экран як духтари бадбахти гумроҳ меистад ва ин манам-Манзура.

​Ӯ ашки чашмонашро пок карда, идома дод:

-​Ман барои ин шӯҳрати дурӯғин ҳама чизро аз даст додам-номусамро, оилаамро ва худамро.... Имрӯз ман падарамро ба хок супоридам. Ягона тасаллои дилам он аст, ки пеш аз маргаш падарам маро бахшид. Бале, маро бахшид, аммо дилаш ба ин дард тоб наовард.
​Ҳама дар ҳолати шок буданд.
-​Эй духтароне, ки мехоҳед мисли Барбӣ бошед. Ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ ҳаёти ҳақиқӣ ва соддаи худро ба шӯҳрати дурӯғин нафурӯшед. Озодӣ ва хушбахтӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Хушбахтии ҳақиқӣ дар оғӯши модару падар аст. Лаҳзае, ки шумо худро гум мекунед, дигар ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз шуморо баргардонда наметавонад.
​Манзура ба камера наздик шуда гуфт:

-Аз ин лаҳза Барбӣ мемирад. Барои ҳамеша мемирад!
​Ӯ саҳифаашро, ки миллионҳо обуначи дошт, дар пеши чашми ҳама тоза кард.
​

хххххх

Баъд аз чанд моҳ полисҳо Комрон ва тамоми дастаи ӯро бо кӯмаки ҳамон флешкае, ки Манзура ба дасти Фарҳод дода буд ва ӯву Аҳмад онро ба дасти пулис супориданд, дастгир карданд ва ниҳоят ҳақиқати ҳол ошкор шуд. Манзура қурбонии як суиқасди шармандавор ва қасос гашта буд, аммо ин ҳақиқат падари ӯро ба зиндагӣ баргардонида наметавонист...

 хххххх

​Дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистон ҳар субҳ зани ҷавоне бо либоси сиёҳ ба қабристон мерафт ва канори як қабри нав нишаста Қуръон мехонд.
​Ин Манзура буд. ​Ӯ дигар на Барбӣ буд, на ситора, танҳо як духтари хоксори деҳотӣ, ки падарашро аз даст дода, бо модари пираш зиндагӣ мекард ва мехост умри мондаашро ба нигоҳубини модар бубахшад.
​Ӯ ба оина нигоҳ намекунад. Медонад, ки бузургтарин ҷазо барои ҳар як инсон ин пушаймониест, ки дигар суде надорад...

​Ашк аз чашми Манзура ба хоки қабри падар мечакад ва ӯ зери лаб мегӯяд: “Маро бубахш, отаҷон. Ман ба хона баргаштам,аммо афсӯс, ки хеле дер шуд...
Муаллиф Шахлои Начмиддин

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД