Sebiston new 2024 october
Барқасди шавҳарам ба Русия рафта, соҳиби хона шудам
08.06.2024
ОИЛА.ТҶ
6930

Салом! Ман, як ҷавонзани муҳоҷири тоҷик, мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл кунам, то ки ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гардад.

Ман дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба дунё омадаам. Саводам чандон бад набуд, вале падару модарам “духтара худаш чию хонданаш чӣ” гӯён, баъди хатми мактаби миёна маро ба аввалин хостгори аз дари хонаашон даромада ба шавҳар доданд. Ростӣ, домодро бори аввал дар таги чодар дида бошам ҳам, дӯсташ доштам, чунки то он вақт чӣ будани меҳрубонии мардонаро намедонистам. Зиндагӣ дар деҳа душвор бошад ҳам, худро зани хушбахт эҳсос менамудам, зеро барои мо-духтарони деҳотӣ бо номи нек ба шавҳар баромадан худ давлати калон аст.

Хулласи калом, дар бадали 10 сол соҳиби 4 фарзанд гаштем. Муносибати шавҳарам дар ин муддат бо ман хуб буд, вале баъд ӯро дар як корхонаи бонуфуз ба кор гирифтанду одами дигар шуда монд. Акнун шавҳарам дар шаҳр зиндагӣ мекард ва дар як моҳ як бор ба деҳа моро хабаргирӣ мерафт. Беҳуда нагуфта будаанд, ки меҳр дар чашм аст ва мард, ки аз оилааш дур шуд, меҳру муҳаббаташ низ торафт камтар мешавад. Шавҳари ман низ шаҳрӣ шуда, нағмаҳои нав ба нав баровардан гирифт ва билохира шунидам, ки дар шаҳр духтари ҷавонеро зани дуюм гирифтааст. Рашк балои ҷон аст, мани деҳотӣ низ дар оташи рашк сӯхтаю пухта, суроғаи зани дуюми шавҳарамро кофта ёфтам ва ба сараш рафта, мӯю рӯяшро кандам. Гумон доштам, ки бо ҳамин роҳ оилаамро аз вайроншавӣ наҷот медиҳам, аммо тирам хок хӯрд. Ба ҷойи бахшиш пурсидан шавҳарам дар сари қаҳру ғазаб маро се талоқ карда, аз дар берун намуд. Мани сарсахт бо 4 кӯдаки хурдсол дар нимароҳи зиндагӣ яккаву танҳо монда, дигар чӣ кор карданамро намедонистам.  

Хӯрондану пӯшондани 4 фарзанд барои як зани бемаълумот хеле сахт аст ва ман ҳам маҷбур шудам, ки фарзандонамро ба модарам гузошта, роҳи Русияро пеш бигирам. Азбаски ягон ҳунар надоштам, бо кӯмаки як зани арманӣ дар як нуқтаи «шаурма» ба кор даромадам. Аввалҳо корам чандон хуб набуд, вале оҳиста-оҳиста роҳу равиши корро ёд гирифтам. Шаурмаҳои бомаззаи мо талабгори зиёд пайдо карданд ва зиндагии ман низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Бо садҳо ранҷу азоб бошад ҳам, муддати 10 сол дар Русия кор карда, барои фарзандонам хона сохтам. Соли гузашта духтари калониамро бо обрӯ ба шавҳар додам, як моҳ пеш бошад, писарамро хонадор кардам. Ду писари дугоникам дар литсей хонда истодаанд. Ҳамаи ин аз ҳисоби пуле аст, ки ман бо меҳнати ҳалол дар Россия кор мекунам. Дар зиндагӣ ман барои фарзандонам ҳам падар шудам ва ҳам модар ва умед дорам, ки ба қадри заҳматҳоям расида, онҳо дар пирӣ асои дастам мегарданд.

Ба занҳое, ки мисли ман аз бахт бенасиб гаштаанд, гуфтаниям, ки навмед нашаванд, охир “ҳар шом, ки ояд, зи паси он саҳаре ҳаст” гуфтаанд. Рӯзҳои сахту вазнин мегузаранд, муҳимаш он аст, ки кас навмед нашавад. Зан, агар нангу номус дошта бошад, метавонад бо роҳи ҳалол фарзандонашро хӯронад, пӯшонад, соҳиби касбу ҳунар созад ва дар дами пирӣ дар сояи фарзандон осояд.

ШАРИФАМОҲ, аз шаҳри Новосибирск

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД