Дар деҳаи Лангари шаҳри Норак дар як бинои дуошёнаи чӯбин сӯхтор сар зада, дар натиҷа 16 хонаи истиқоматӣ пурра ба коми оташ рафтааст.
Тибқи иттилои намояндагони МИҲД-и шаҳри Норак, сӯхтор нимаи дуюми рӯзи 7-уми июн сар зада, бино бо сабаби аз чӯб сохта шудан ва кӯҳнаю фарсуда буданаш ба пуррагӣ сӯхта, дар маҷмуъ 14 оила, ки аз 50 нафар иборат мебошанд, бесарпаноҳ мондаанд. Сокинони бинои ба коми оташ рафта муваққатан дар хонаи ҳамсояҳояшон маскун гаштаанд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ бар асари сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.
Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти марбута мавриди санҷиш қарор гирифта, оқибатҳои он бартараф карда мешаванд.