formula feb 2025
Баҳори деромада (ҚИСМИ 2)
1280

Суман ба муроди дилаш нарасид, оқибат, волидонаш напурсида, духтарро ба ҷавоне фотеҳа карданд, ки ҳамдигарро надида буданд. Рўзи тўй маълум гардид, ки қади шавҳаршавандааш Мурод аз Суман паст будааст.

Хоҳараш Ниҳол аз орзуи апааш бохабар буд ва бо шухӣ мегуфт, -“апаҷон ҳеҷ гап не, язнаам сарашро ба сандуқи синаи худат мемонад”. Аз ин шухиҳои хоҳараш Суман талх механдид.

Изтироби модараш беҳуда баромаду эркадухтараш келини хубе шуд, Суман бо сари хам тамоми кору бори рўзгоро мекард, вале он ишқеро, ки дар китобҳо мехонд, ҳаргиз эҳсос намекард. Зиндагияшон ором ҷараён дошту соҳиби писару духтари нозанине низ, шуданд, вале ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду хатти тақдири Суманро тамоман дигар кард…

Мусибат

Шавҳари Суман аз аввалин қурбониёни ҷанги шаҳравандӣ буд, баъд дарди бедавое падари нозбардорашро низ, аз дунё бурд. Суману модараш бо як хона бача танҳо монданд, модар чилу се ва духтараш бисту ду сол доштанд…

Бо ҳидояти модар Суман ба донишгоҳе ғоибона дохил шуда, онро дар риштаи иқтисод хатм намуд. Бо амри тақдир бори дуввум ба шавҳар баромад ва азобе, ки дар зиндагӣ дид, Худо ба душмани кас нишон надиҳад. Ҳамсараш табиб буд ва дар соҳаи худаш овозадору шуҳратёр, шояд аз ҳамин буд, ки хеле муттакабиру худхоҳ, ва аз ҳама барои Суман ғашовар русмаоб буд. Барои як бонуи рустоие, ки дар оилаи анъанавии тоҷикӣ ба воя расидааст ин ҳама чун хобу хаёли кобус метофт, аммо ба хотири гапи мардум Суман тоқат мекард. Зеро баргашта рафтанаш ба деҳа, сад маъно дошт. Солҳо чун турнаҳо аз осмони умр мегузаштанд, фарзандони Суман асосан дар тарбияи модару додаронаш буданд. Аммо ҳар вақт мехостанд ба хонаи модар меомаданду ва мерафтанд, Шукур, ҳамсари Суман ба фарзандони ў ниҳоят меҳрубон буд. Бонуи аз зиндагӣ чизе надида, фарзандонашро бо ёрии шавҳару додаронаш хононд соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву дари хеш гардонид, вале тақдир «сюрприз»-ҳои дигар низ, доштааст…

Тамасхури қисмат

Дар ин миён шавҳари Суман аз бемории дил дунёро тарк гуфту бону дар сини чилу се боз бева монд. Дар ҳавлии калону барҳаво танҳо монд… Писараш, ки тиҷораташ дар ноҳия буд, ба шаҳр омаданро хуш надошт, духтару домодаш низ. Аз ин рў Суман духтари духтарашро ҳамроҳаш гирифта, зиндагияшро идома медод. Ў дар як ширкати сохтумонӣ ба ҳайси муҳосиб ба кор даромаду тамоми зиндагияшро сарфи наберааш мекард, вале сари роҳаш муҳаббат пайдо шуд…

Ҷомӣ ҳамсинусоли Суман асту тоҷири муваффақ, занаш ду сол пеш аз бемории саратон оламро падруд гуфтаву ўро танҳо гузошта буд. Ду духтарашон соҳиби хонаву дар ва зиндагии хеш ҳастанд. Ҳарчанд, зуд - зуд аз авҳоли падар хабар мегиранд, вале танҳоии ўро аз байн бурда наметавонистанд. Ҷомӣ ҷавонмарди зебое аст, ки духтарони хона низ, тайёранд бо ў хонадор шаванд, вале дили вай моили Суман гашту ин зани зебои хушсуханро бо як дидан пазируфт. Шиносоии онҳо тасодуфӣ, дар маъракаи тўйи хонадоршавии як дўсташон воқеъ гардид. Суман, ки аз саодати оилавӣ бенасиб буд, суханҳои гарму нарми мард дилашро обу адо карданду онҳо пинҳонӣ аз ҳама ақди никоҳи мусулмонӣ бастанд. Суман аз пайвандонаш шарм медошт, ки бори саввум шавҳар карданашро гўяд. Тақдирро бинед, ки дар чилу ҳафт солагӣ Суман ҳомиладор шуду писар тавлид кард, сари Ҷомӣ ба осмон расиду духтаронаш бо тўҳфаҳои зиёд ба хабаргирии додаракашон омаданд. Онҳо Сумани меҳрубонро очаҷон мегўянд, духтари Суман, модару пайвандонаш низ, ин навгониро хуб истиқбол карданд. Аммо писараш бо Суман қаҳрист…

Ин амали писар Суманро ғамгин сохтааст, вале бовар дорад, ки рўзе писараш ўро мефаҳмад…

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД