Боксёри тоҷик Баҳодур Усмонов дар даври чаҳорякфиналии якумин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ дар Италия дар мубориза бо боксёри ҷопонӣ Нишияма Шион бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, роҳхати Бозиҳои олимпии Париж- 2024-ро ба даст овардааст. Дар ин бора ТВ-Варзиш хабар медиҳад.
Баҳодур Усмонов 21 -декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба бокс шавқу рағбати беандоза дошт. Айни замон ин ҷавони таҳамтан яке аз беҳтарин муштзанҳои касбии тоҷик ба шумор рафта, дар ҷодаи бокс ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба комёбиҳои зиёде ноил гаштааст.
Баҳодур иштирокчии Бозиҳои олимпии соли 2020 ва барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс дар соли 2023 мебошад. Баҳодур Усмонов аввалин боксёри тоҷик мебошад, ки дар вазни сабук ба рӯйхати “ТОП-65 боксёри беҳтарини ҷаҳон” ворид гаштааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан 2 нафар муштзанҳои тоҷик - Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев пас аз пирӯзӣ дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст оварда буданд.