Боздошти марди нашъаманд барои
вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ
Кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт марди 27 солаеро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт намуданд.
Бурҳониддин Сангов рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ, дар кӯчаи С.Айнии пойтахт бо рафтори дағалона ва алфози қабеҳ нисбати шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ намуда, ҳамзамон ба як қатор воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон зарарҳои хурди техникӣ расонидааст.
Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки Сангов Б., воситаҳои нашъадори навъи «Бангдона» ва машрубот истеъмол карда, дар ҳоли мадҳушӣ қарор дорад.
Нисбати Сангов бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шудааст. Вобаста ба дигар кирдорҳои ғайриқонунии Сангов Б., тафтишоти пешакӣ идома дорад.