Анхел бо баландии 979 метр баландтарин шаршараи сайёраи мост. Он дар ҷангалҳои тропикии Венесуэла дар ҳудуди боғи миллии Канайма ҷой дорад.
Об бо чунон суръати баланд ҷорӣ мегардад, ки масофаи 300 метрро зарачаҳои хурди он пахш мекунанд ва гӯё об ба замин нарасида, ба «туман» мубаддал мешавад.
Бори аввал Анхелро соли 1912 сайёҳи венесуэлагӣ Эрнесто Санчес кашф кард, аммо ин кашфро дар ҷое сабт накард. Баъди 21 сол халабони амрикоӣ Ҷеймс Анхел ҳангоми парвоз дар ҳавопаймои хурди худ тасодуфан шаршараро пайдо карда, онро ба номи худ гузошт.