Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 5)
02.03.2026
А. ҲОҶӢ
417

Дар паҳлуи сагча, дар болои кампали чорқатшуда тифли парпечкардашудае, ки дар даҳон пистонак дошт, бо чашмони пӯшида мехобид. Дар равшании чароғаки дастӣ маълум буд, ки лабу рӯяш аз хунукӣ каб-кабуд гаштааст.

Давлат беихтиёр овоз баровард:

- Эҳ ин мурдааст ку... кадом ноинсофи худобехабар ин корро карда бошад?

Шояд тифл аз ин овоз мисли нафаси ҷонбахши ҳазрати Исо рамақ пайдо карда буд, ки бо садои паст нолиш кард...

***

Марҷона дар дохили мошин интизори шавҳараш худро ба палтои нимдошташ печонид ва ба назараш чунин намуд, ки дохили “Москвич” бе Давлат хеле сард аст. “Ин куҷо рафт? Дар ин нисфишабӣ одам дар куҷост, ки барои аз барфтӯда берун кашидани мошин ёрӣ расонад? То хона камтари дигар роҳ монд... Ҳозир баромада ӯро фарёд мекунам ва пиёда ба хона меравем...”,- андешид ӯ.

Ӯ дари яхкардаи мошинро базӯр боз карда, берун баромад ва дар равшании чароғи симчӯб, ки ҳарчанд дур буд, дид, ки суроби Давлат аз тарафи партовгоҳ намудор шуд. Ӯ дар дасташ чизе дошт ва Марҷона гумон кард, ки шояд ӯ сангеро барои зери чархи мошин гузоштан оварда истода бошад, аммо чун ӯ наздиктар омад, зан бо ҳайрат дид, ки дар дасти шавҳараш парпеч ва дар дохили он суроби тифле намудор аст... Ҳанӯз фурсати гап нашуда. Давлат бо оҳанги омирона занаш гуфт:

- Зуд ба курсии қафои мошин шину бадани кудаку худатро урён карда, ӯро ба синаат часпону гарм кун, вагарна..., - ӯ суханашро дар ҳамин ҷо бурида, дубора ба тарфи партовгоҳ давид...

Марҷонаи ҳайратзада аввал ба чизе сарфаҳм нарафт. Аммо дар равшании чароғи симчӯб ба лабони аз сардӣ кабудшуда кӯдаки дар дасташбуда нигоҳ курду баъд ба дохили мошин даромад ва аз рӯи гуфти Давлат амал кардаистода, куртаашро боло кард ва парпечи кӯдакро ҳам боз намуда дид, ки онҷо тар аст. Ҳарчанд ӯ зани хеле озодаю ҳалолкору ҳалолхӯр ва ба гуфти ҳамсояҳо “зуккахӯр” буд, аммо он лаҳза чизеро фикр накарда, кудаки аз сардӣ қариб ҷондодаистодаро ба синааш ҷавс кард...

... Ин вақт Давлат дари нишастгоҳи пешро боз намуда, худаш низ вориди мошин шуд ва аз дасташ сагбачаи сафедеро дар курсии пеш-ҷое, ки чанд лаҳза қабл занаш нишаста буд, гузошт. Сагча бо овози наҳиф нолиш кард ва Марҷона барои шарҳи ҳодисаҳои чанд лаҳзаи охир рухдода, рӯ ба Давлат овард. Аммо шавҳараш, ки мисли ӯ чизеро нафаҳмида буду чаро чунин шуд, намедонист, танҳо китф дарҳам кашид...

... Давлат вақте ки ба сари чанбараки мошин нишаст, гӯё ақлу ҳуши худро гум карда буд ва бехабар аз он, ки як чархи мошин ҳанӯз дар банди ҷӯйбор аст, “Москвич”-ро даргиронду дастаки суръатафзоро ба пеш тела дода, ба суръати якум гузошту газро пахш намуд ва... ва мошин ба осонӣ аз ҷӯй ба роҳи калон баромаду онҳо ба роҳи худ идома доданд. Гӯё ин ду нафарро дар дохили мошини кӯҳна афсун карда бошанд, ки онҳо сухане ба забон намеоварданд ва чунин ба назар мерасид, ки маслиҳат кардаанд, то як муддат бо ҳам мисли кӯдакон бозии “хомӯшакон” (ғулдур-ғуп) кунанд.

Ба садои якмароми муҳаррики “Москвич” гоҳ-гоҳ овози маҳини сагбача, ки ҳоло ба роҳат дар болои курсии пеши мошин нишаста буд, ҳамроҳ мешуд ва инак, овози шояд аз гиряи зиёд хасташудаи тифли навзод низ ба онҳо ҳамроҳ шуда, як ансамбли бо ҳам ҷӯреро ташил медод.

- Гурусна мондааст...,- ин овози барояш хеле ошною азиз ба гӯши Марҷона мисли суруди аз кӯдакӣ дустдоштааш расид, ки ӯро ба зиндагӣ даъват мекард. Аммо ӯ намефаҳмид, ки Давлат кадомеро дар назар дошт: сагчаро? кӯдакро ва ё мошинашро? Аммо ӯ низ сарашро хам карда ба чеҳраи андаке сурхидамидаи тифл нигоҳе карду дар дил аз худаш пурсид: “Ин тифлро Давлат аз куҷо ёфт? Духтар аст ё писар? Модараш канӣ?” Аммо ба ҷои ба забон овардани ин андешаҳо, ӯ тасдиқ намуд:

- Рост мегӯӣ...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД