Arzon march 2024
БАХТИ ДУЮМ Қисми 2
1697

- Ман мурам, дар ин писари хабаргири оча, аз мактабаш баромада, ба хабаргирии ман омадааст,- маро ба курсии назди кати хобаш шинонида, мегуфт модарам ба беморони ҳампалатааш. Ҳамроҳи модар ним соат нишаста, суҳбат кардем. Пас аз бемористон ба хона омадам. Падарам, ки дар ҳавлибоғ дарахтонро тоза мекард, маро дида, аз ҳолу аҳволи модарам пурсон шуд.

Шаб ба Барно занг задам. Гӯширо бардошт.

- Хайр, имрӯз модаратро рафта хабар гирифтӣ, аҳволаш чӣ хел?- баъди салому алейк пурсид ӯ.

- Шукри Худованд, хеле аҳволаш хуб аст, шояд ба наздикиҳо аз беморхона ҷавоб диҳанд.

- Пагоҳ вақт меёбӣ, якдигарро бинем?- вақти хайрухуш пешниҳод кард Барно.

- Ман то нисфирӯзӣ дар донишгох мешавам, агар вақт ёбӣ, нисфирӯзӣ якдигарро дида метавонем,- гуфтам ба ӯ.

Нисфирӯзӣ дар ҳақиқат Барно ба назди донишгоҳ омад. Дар тан куртаи осмониранги кабуд, дар сар рӯймол баста, ба назар хеле ҷавон менамуд.

- Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт,- Барноро дида, пас аз салому алейк ин шоҳбайти шоири маҳбуб Мирзо Турсунзодаро табассумкунон гуфтам.

- Насимҷон, шоир ҳам будаӣ ку?- аз байти хондаам хурсанд шуда, иброз намуд ӯ.

- Туро дидаму ҳамин байти хуб ба ёдам зад,- гуфтам ба духтар.

- Шоир рост гуфтааст, одамон аз дӯстӣ бахти худро меёбанд, раҳмат ба шоир, ки чунин гуфтааст.

- Аз дарс акнун баромадам, кучо меравем,- ба духтар нигоҳ карда гуфтам.

- Ҳар куҷо хоҳӣ, ман дар барат ҳастам,- аз дарвозаи донишгоҳ вақти баромадан иброз кард ба ман. Мо суҳбаткунон ба боғи шаҳрӣ омадем.

- Барно дар бораи зиндагии гузаштаат нақл кун, ман бисёр мехоҳам донам, ки чаро ту дар айни ҷавоният якбора хонавайрон шудӣ? Чаро шавҳарат аз ту ҷудо шуд?- дар хараки боғ нишаста, пурсидам аз Барно.

- Намехоҳам дар бораи гузаштаи талхам ба ту қисса кунам. Шавҳарам як бачаи аҳмақи ҷоҳил буд,- кутоҳакак гуфт духтар,-насиби зиндагӣ кардан бо шавҳарам набудааст, барои ҳамин ҷудо шудем!

- Агар ман ба ту пешниҳоди издивоҷ кунам, розӣ мешавӣ?- ногаҳон гуфтам ба Барно.

- Агар дӯстам бидорӣ, чаро не? Лекин ман аз хонагиҳои шумо дар ташвишам.

- Чаро?

- Магар онҳо розӣ мешаванд, ки ту ба духтари шавҳардида хонадор шавӣ?

- Агар ман хоҳам, чаро онҳо розӣ намешаванд!? Ман барои хушбахтии хеш падару модарамро розӣ мекунонам.

Барно аз суханҳоям хурсанд шуд. Пас аз ин дидорбинӣ мо чанд муддат бо ҳам робита доштем. Муҳаббат қавӣ бошад, одам барои дӯстдоштаи худаш мубориза мебудааст. Инро ман вақте дарк кардам, ки Барноро дӯст доштам. Шабҳо то як поси шаб бо ҳамдигар суҳбату мулоқот доштем. Ман дар назди хеш мақсад гузоштам, ки Барноро ба занӣ мегирам. Модарам вақте аз мақсаду ниятҳоям бохабар шуд, маро сарзаниш кард:

- Писарам, ту ақлатро хурдаӣ, наход як духтари аз шавҳар ҷудошударо ба занӣ гирӣ? Ҳаққу ҳамсояҳо, хешу табор фаҳманд, чӣ мегӯянд? Охир, вай бевадухтар аз ту ду сол калонтар аст,- мегуфт модарам.

-Ту боварӣ дорӣ, ки пас аз хонадоршавӣ, бо ӯ хушбахт мешавӣ?- дар сари қаҳру ғазаб мегуфт падарам.

Ҳарчанд падару модарам зид бошанд ҳам, ман якравӣ кардам, ки духтарро дӯст медораму ғайри ӯ бо ҳеҷ кас хонадор намешавам. Хусуру хушдомани ояндаи ман аз мо ҳеҷ чиз талаб накарданд.

- Духтарам ҷоҳу ҷалоли бисёре дорад, як маъракача карда, омада келинтона барен,- гуфтаст модари Барно.

Мо низ чунин кардем. Ман бо дӯстдоштаам хонадор шудам. Муҳаббат агар беолоиш бошад, дилдодаҳо ба мақсад мерасанд. Падару модарам аз келини гирифтаашон чандон розӣ нестанд, аммо ба хотири хушбахтии ман чӣ ҳам гуфта метавонанд!?

Раҷабалӣ Файзуллоев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД