shoh palace
Бахти бо ашк олуда Қисми 2
1521

Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,

Миени хонаи бекудакам гахвора мегиряд.

Зи базми гарми шохон хандаи мастона меояд,

Ба чашми ман вале хар хишти бурчу бора мегиряд.

Зебо якбора сабраш охир шуду баланд гиря кард.

-Эх Худочонам,ба мани бе фарзанд фарзанд ато кун,садои кудак дар ин хона танинандоз гардад.Худои ман дастамро бе рахматат барнагардон,илтичо дорам.

Олимчон ноништа накарда ба коргох рафт.Зебо бо чашмони суп сурх варамида аз гиря суйи ташноб рафта руяшро шуст.

Хушдоманаш ин холати уро дида хеле насихаташ карда,сипас гуфт ки хозир аз Олимчон ичозат мегирам,ба хонаи очаат рав.Як хафта дам бигир,хамааш хуб мешавад.

 

-Майлаш,холачон-боз гиря гулугираш кард.

Зебо ба хонаашон омад.Модараш хис кард,ки духтараш аз чизе сахт озурда аст.Чизе напурсид,хислати духтарашро медонист,ки то худаш дилаш кушода нашавад,гап намезанад аз холати рухиаш.

Зебо шабхои дароз намози истихора мехонд,барои худаш дуо мекард.Олимчон муддати ду хафта хатто ба хабаргириаш наомад.Барьакс бо телефон гуфт,ки Зебочон хаста шудаи аз кори хонаи мо,каме дам бигир дар хонаи модару падари.

Зебо гуфт,ки чаро ба дидорбини намеои?

-Аз кор хаста меоям,вакт надорам.

-Охир дар вакташ хатто як соат бе ман наметавонисти ?

-Зебо,гапи зиедатиро мон.Хонаи бе кудак мазор аст.Ту магар бароям писар е духтар таваллуд карди?

-Эх...ту...кушти маро бо ин суханат бе корд.

Зебо аз хуш рафт.Падару модар уро ба беморхона бурданд.Мучизаи Худованди руй дод.Баьди ташхиси тибби табибзан хушхабар расонид,ки Зебо хомиладор аст.

Зебо ин хабарро шунидан замон карсак зад,тифл як моха буд.

-Худоям, ташаккур ба ту.Садоямро шуниди,дастамро бе рахматат барнагардонди.Дастам ба дастат Худочонам.

У бучули аспро гирифту хурсандона ба хонаи шавхар рафт.

Дами дари хавли мехмонон меистоданд.У хайрон шуд.Салом доду ба хавли даромад.Хусураш уро дидан замон ха келин тинчи ми,хуш омади бехабар?

-Тагочон,як хушхабар дорам.

-Хона даро,гап хаст.

Зебо ба мехмонхона даромад.Шавхараш бо чавонзани оростае таги чимилик меистод.

-Олимчон,ту зан гирифти ?

Мехмонону домоду арус ва хушдоманаш хайратзада ба у нигаристанд.

Зебо бучули аспро аз тугунчааш бароварда гирен гуфт;

-Олимчон,ба хотират хаст ?Инро даруни сандук гузоштем,ки рузе сохиби писар мешавем.Аммо ту ба ман хиенат карди? Хамаги ду хафта ман бо ту набудам,ту зан гирифти ?

-Э гови кисир рав аз ин чо,шавхарат маро никох кард -шарм надошта суяш дод зад Дилоро.

-Олимчон, холачон,ман меравам.

Хушбахт боши.Хабари хушам ин буд,ки ман хомиладор шудаам.

-Дуруг мегуйи -гуфт шавхараш.

Аммо Зебо тез тез кадам монда аз хавли баромад.Ашки талх дидагонашро мешуст.

Касе аз пасаш набаромад.

Аз байн ду сол гузашт.

Зебо холо сохиби як писарча аст.Дар мухочират аст бо акааш.Шавхараш пушаймон аз Дилоро чудо шуда зори дорад ,ки бо хам зиндаги кунанд.

Аммо у намедонад, ки рози шавад е на? Аз бевафоии шавхар бисер дилозурдаги дорад. Шумо чи маслихат медихед ?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД