Arzon march 2024
Бахти бо ашк олуда Қисми 1
1793

 

Зебо говро душиду сатили ширро гирифта аз оғил баромад. Хушдоманаш руйи хавли болои кат нишаста бо хусураш паст- паст гап зада чизеро бахс мекарданд.

Танҳо ду калима ба гӯши Зебо расид:духтари шавхармурда ва безуриет.

Зебо дилаш тах хурда фикр кард, ки безуриёт гуфтанашон дар бораи ӯ мебошад, духтари шавхармурда ки бошад гӯен якбора таьбаш хира гардид.

...Мабодо хоби дидаам рост барояду дар хакикат Олимчон зан гирад,онгах ман чи кор мекунам?Эх зиндаги,мабодо он рузе ки у зан бигираду маро пеш кунад.Бучули аспро бибиам дода буд ,ки шояд писардор шави,ба умед дар кунчи сандукат мон.

Ох Олимчон,дар ин дунеи дуруза хама мехмонем.Мову ту бо хам ганиматем.

Ин дил кай саломат аст.

Хар дам ганимат аст.

Вакте дар донишгох бо хам шинос шудем,гуфти ки бо як дидан ошикам шудаи.

Шаби туй гуфти,ки якумра то дами марг якчоем.Наход,ки ба хотири бе фарзанди маро хоки рах куни,майлаш зан гир,аммо маро аз даргохи хонаат пеш накун.Хизматгори дари хонаат мешавам то мурдан,факат маро пеш накун.14 сол хизматгори падару модарат будам.Боре ба руйят нигох накардаам.Танхо туро чашм кушода дидаам,дуст доштам аввалу охир.

Зебо ширро чушонида як тараф гузошту аз пайи хурок овардан шуд.Пеши хусуру хушдоманаш дастархон кушода нон гузошта,як косаги шурбои гармакак овард.

-Ха келин,чи шуд таьбат гирифтаги ?Касе магар туро ранчонид?

-На,холачон,хамааш хуб аст.

-Рангу руят хира,ким чи хел хасти ?

-Не,,холачон ба назаратон намудагист.Хамааш хуб аст.

-Бие бо мо ту хам як коса шурбо хур.

-Не холачон,бегохихо баьди хурокхури меьдаам сузиш дорад.Ин бегохи намехурам.

-Майлаш,эхтиет кун.Олимчон имруз дер кард,дилам дар ташвиш шуд.

-Манам дар ташвиш шудам.Хозир меомадагист.

Вактхои охир шавхараш шабхо дер ба хона меомадаги шудааст.Зебо то омадани шавхараш хоб нарафта интизори мекашид.Ин бегохи хам у дер омад.

-Олимчон хеле интизор шудам,чаро дер кардед ?

-Корат чи?Борхо гуфтам,ки напурс маро.Зан набояд шавхарро пурсад .Фахмиди ?

-Фахмидам.Шурбои бомазза аст,гарм кунам?

-Не,сер хастам.

Хамин вакт телефонаш занг заду у осемасар гуширо гирифта берун баромад.Дили Зебо сиех шуд.

..Эх Худочон,кош хамсухбаташ зан набошад.

Э кош ,чи кадар дустат медорам.Олимчон ,ту маьнии хаети мани. Бе ту нафас намекашам дар ин олам.

Олимчон ба куча баромада бо хонуми нав шинос шудааш ки Дилоро ном дошт,то дергохи шаб сухбати ошикона кард.Сипас ба утоки хобаш даромад.Зебо хануз хоб набуд.

-Зебо чаро хоб нести ?

-Туро интизорам.

-Хоб кун.Бевакт аст.

-Ту хам хоб кун.Хаста шуди.

Олимчон гелиду хамон замон хобаш бурд.Зебо ба абрувони пайвасти шавхараш нигариста бо мухаббат зери лаб гуфт :

-Ох азизи дилам.Барот мемирам.Чони ширинам аз ту.Факат маро напарто.

Олимчон бо ин хонум,ки шавхараш мурдаги буд,дар туйи бародараш шинос шуду бо хам ахду паймон бастанд.Аммо чавонзан шарт гузошт,ки зани кисиратро сар медихи,баьд ман барои никох рози мешавам.

Олимчон ба фикр фуру рафта 😭 дилаш месухт ,ки ин кадар сол бо Зебо зиндаги карда харфи баде аз у нашунидааст.

Бо хам зиндагии орому ширине доштанд.Факат фарзанд надоранд.Аммо бе кудак ин зиндаги маьние надорад.Зебо гирякунон хобаш бурд.

Субх аз садои мусикии шавхараш дар телефонаш сабт кардаги,ки хангоми дар ташноб будани у садо дод,гумонаш,ки дилаш аз кафаси синааш баромад.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД