-Барои келини дурӯза шуда аз модарат безор шудӣ?! Модаре, ки туро ба дунё оварда парвардааст, акнунба назарат душман метобад? Умед, мо аз ту умедҳои калон доштем, камтар мард шав,-ба зарда гуфт падараш.
-Маро дуруст фаҳмед дада, намехоҳам, ки кӯдакам ятим монад. Аз хархашаи келину хушдоман безор шудаам,-дод зад Умед.
-Онҳо туро дар ду моҳ бо макри худ чунон сеҳру ҷоду кардаанд, ки дигар ақлат кор намекунад. Аз зангириат се моҳ нагузашта аллакай занкалон шудаӣ. Мур ба ҳамин рӯзат! Даф шав,ки дигар рӯятро набинам. Лаънатӣ, дигар ба назарам нанамо. Пою қадами номуборакатро бо ин зани эркаю беадабат ба ин даргоҳ намон, ки поятонро зада мешиканам,-бо ғазаб фиғон кашид падараш, ки чунин густохиро аз Умед интизор набуд.
-Дадаш, илтимос, фақат дуои бад накунед. Фақат дуои бад накунед. Писарамон беақлӣ кард, аз гуноҳаш гузаред,-зорию тавалло мекард модари зор.
хххххх
Ҳамин тавр Умед ҳамсарашро гирифта ҳамроҳи хушдоманаш баромада рафт. Пас аз чанд рӯз хонаеро иҷора гирифта, онҳо ба зиндагии мустақилона сар карданд, вале дар хонаи алоҳида хушбахт шудан ба ин ҷуфти ҷавон муяссар нагашт.
Умеди аз карда пушаймон аламашро аз шароб мегирифт ва ҳар рӯз масту аласт ба хона омада, бо занаш ҷангу ҷанҷол мекард. Алами ҷудоӣ аз волидонаш ҷавонро девона карда буд ва чи тавр дилашро холӣ карданашро намедонист, вале модари Париноз ғофиз аз ин ҳама моҷаро хушҳол буд, ки бо ҳиллаву найрангҳои ба духтараш омӯхтааш онҳоро ба хонаи алоҳида кӯчонда овард.
Умед ба андозае ба шароб дил баст, ки дигар ҳатто дар рӯзҳои истироҳат ба хонааш арақ оварда менӯшид ва маст шуда бо занаш ҷангу ҷанҷол мекард. Париноз акнун аз дасти шавҳар рӯз надошт. Ҳарду доим барои оддитарин чизҳо ҷангу ҷанҷол карда, дили ҳамдигарро сиёҳ мекарданд.
Оқибат тоқати Умед тоқ шуд ва рӯзе аз дасти Париноз гирифта, ӯро кашолакунон ба мошин шинонд. Вай мехост ҳамсарашро ба хонаи модараш бурда ҷавобашро диҳад, вале бо сабаби мастӣ дар роҳ мошин ба садама дучор шуда, ҳарду дар хуну халаф ғарқ аз ҳуш рафтанд...
Пас аз ба беморхона бурдан маълум шуд, ки кӯдаки Париноз дар батнаш мурдааства бар замми ин, пойҳои зану шавҳар сахт сарб хӯрда, дигар кор намекунанд.
Холаи Парвина баъди ин фоҷиаи ҷигарсӯз аз кори кардааш пушаймон гашта бошад ҳам, сир бой намедод...
хххххх
Модари Умед бо чашмони гирён келину писари маъюбашро аз беморхона ба хонаи худаш бурд. Дар вақташ ҷавонон дили ӯро сиёҳ карда бошанд ҳам, модар аз сари раҳму шафқат онҳоро нигоҳубин мекард. Паринозу Умед аз карда пушаймон буданду намедонистанд чи тавр ба чашмони модар нигаранд. “Мани беақл, агар дар вақташ хизмати хусуру хушдоманамро карда, ҳамаро ба бузбозӣ намеандохтам, шояд аҳлона умр ба сар бурда, хушбахт мешудем ва кӯдакам ҳам зиндаву саломат ба дунё омада, ҳоло дар оғӯши хоки сард нею дар оғӯши гарми бобою бибиаш хандаву бозӣ мекард. Шавҳарам ҳам шояд алкаш намешуд. Падарам сад бор гуфта буданд, ки духтарам, ҳушатро ба сарат бигир ва дар зиндагӣ ба суханҳои ҳеҷ кас гӯш надеҳ, баъзан модарон хубӣ мекунам гуфта, баръакс ба фарзанди худ бадӣ мекунанд, вале мани якрав ба насиҳатҳои падар гӯш надодам...” фикр мекард худ ба худ Паринози аз карда пушаймоншуда, аммо дигар пашаймонро суде набуд...
хххххх
Пас аз як моҳ ҳар ду ҳам шифо ёфтанд. Ӯ акнун бо ҷону дил хизмати хусуру хушдоманашро мекард, вале Умед ҳамоно аз шароб дил канда наметавонист. Вай ҳар рӯз нӯшида, занашро мурданивор лату кӯб мекард.
хххххх
-Илтимос, маро назанед. Ман ҳашт ҳафта шуд, ки дар батнам кӯдакатонро мебардорам,-рӯзе зорикунон гуфт Париноз.
Ин хабар ба Умед барои зиндагӣ кардан аз нав умед бахшид ва қасам хӯрд, ки диар ҳатто як қатра шароб наменӯшад...
хххххх
Парвинахола рӯзе ба хонаи духтараш омада аз қудоҳо узр пурсида гуфт.
-Қудоҷон, ман хато кардам. Маро бубахшед. Хушбахт шавад гуфта, духтарамро сиёҳбахт карданамро худам надонистам...
-Хиҷолат накашед қудоҷон, дар зиндагӣ ҳама кор шуданаш мумкин, фақат мо бояд некхоҳи ҳам бошем, то аз мо ба некӣ ёд кунанд,-гуфт дар ҷавоб модари Умед.
Абдуғаффор Шодиев