Formula novemver 2024
Бахти бадном (қисми 2)
2017

Давомаш...

Баноз рӯз аз рӯз нозанинтар мешуд, баъди хатми мактаб бародаронаш ӯро ба коллеҷи тиббӣ дохил карданд ва ҳангоми таҷрибаомӯзӣ як духтури машҳур ӯро барои додараш, ки дар шаҳр мезистанд, келин кард. Навид ҷавони ниҳоят зебо буд, вале нашъаманд…

Баноз аз хоҳаршӯяш, ки ӯ ва падару модарашро фиреб карда, ӯро барои додари нашъамандаш келин кард, гиламанд буд, вале ба хотири обрӯйи бародаронаш сабр мекард. Навид як ҳафта ба худ меомаду пеши ҳамсари нозанинаш қасам ёд мекард, ки дигар ҳаргиз ба ин роҳ намеравад, вале нашъамандиро бас кардан кори осон аст? Албатта не!

Навид ҳашт хоҳари коргару машҳур дошт, падару модараш аз олам гузашта бошанд ҳам, хоҳарон ба хотири шифо ёфтани ӯ кӯшишҳои зиёд мекарданд, аммо ӯ худаш иродаи аз ин варта баромадан надоштанд. Кӯдакони батнаш меафтиданд, бо даводавҳои зиёди хоҳаршӯйҳояш ӯ соҳиби писар шуд, вале ин хушхабар ҳам натавонист Навидро аз роҳи бад баргардонад.

Баноз азоб мекашид, бистари гарму меҳрубонии шавҳарро намедид, агар шавҳараш ҳушёр бошад ҳам, ғами боз фардо ӯро дилгир мекард. Ҳамин тавр, ӯ бемори асаб шуд… Даричаи меҳр Як хоҳашӯяш тоҷир буду ба хотири каме ҳам бошад, табобат гирифтан ӯро ҳамроҳаш ба Тошканд бурд.

Дар ҳамин сафар Баноз бо як табиби тоҷики муқими Узбекистон, ки дар Корея кору зиндагӣ мекард, шинос шуд. Санҷар чун фаҳмид, ки Баноз ҳамсари нашъаманд аст, ба вай гуфт:

-Ту ба ин ҳусну ҷамол наход худатро ҳайф кунӣ? Падари ман тоҷик ва модарам рус ҳастанд, сиву панҷсолаам, ҳамсарам ҳангоми таваллуд аз олам гузашту ҳашт сол боз зане наёфтам, ки дар дили ман ҷо бигирад. Ту бо як нигоҳ дили маро бурдӣ, агар розӣ шавӣ, ман туро ҳамроҳи худам ба Корея мебарам ва он ҷо зиндагӣ мекунем, писаракатро ҳам ҳамроҳ гир… Як соли дароз Баноз бо Санҷар телефонӣ дар иртибот буданд ва оқибат ба хулосае омад, ки ӯ ҳам ба хушбахтӣ ҳақ дорад! Чун шавҳараш вақтҳои охир бемор буд, ӯ намехост ягона нишонаи додари ягонаашро аз аммаҳояш дур кунад. Ва ӯ ҳама ҳуҷҷатҳояшро тахт карду баъд писарашро ба хонаи аммаи калонияш монда, ба Тошканд назди Санҷар парвоз кард, аз он ҷо ба Корея…

Ғайб задани Баноз дунёро ба шӯр овард, ҳама гумон мекарданд, ки шавҳари нашъамандаш ӯро кушта, дар куҷое партофтааст. Танҳо баъди се рӯз ӯ ба модараш занги видеоӣ карда, дар куҷо буданашро гуфт. Инак, се сол мешавад, ки Баноз дур аз ватану ёру диёр бо бахти бар ивази бадномӣ харидааш зиндагӣ дорад. Барои писараш ҳар моҳ пул мефиристад ва бо ӯ ҳар рӯз гап мезанад, бародаронаш бо ӯ қаҳриянд, танҳо кампири Зайнаб аз наберааш пуштибонӣ мекунад, ки дар куҷое бошад, хушбахт бошад! Навид аз пой мондааст, маводи мухаддир умри ҷавони ӯро хазон кард… 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД