toyota motors
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фестивали футбол баргузор шуд
01.06.2026
Oila.tj
62

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фестивали футбол баргузор намуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин чорабинии варзишӣ зиёда аз 150 нафар писарону духтарон иштирок карда, дар машқҳо ва бозиҳои гуногуни футболӣ ширкат варзиданд. Барои иштирокчиёни хурдсол барномаи ҷолибу рангин омода гардид, ки ба рушди маҳорати футболии онҳо равона шудааст.

Ҳадафи асосии роҳандозии фестивал тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби кӯдакон ба машғулияти мунтазами варзиш, рушди футбол миёни писарону духтарон, инчунин фароҳам овардани фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни кӯдакон мебошад.

Ҷашнвора дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба кӯдакон лаҳзаҳои хушу фаромӯшнашаванда ҳадя намудааст. Дар анҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тӯб ва футболкаҳо тақдим карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД