Ману шавҳарам хеле дер оила бунёд кардем. Ман 30-сола будаму шавҳарам 33-сола. Сабаби дер шавҳар карданам дар он буд, ки баъди хатми донишгоҳ ба кор баромадаму бо вуҷуди зиёд будани хостгорҳо ҳеҷ марди дилхоҳамро пайдо карда наметавонистам.
Хулоса, оиладор шудему ман зуд ҳомила шудам. Шодиву нишоти шавҳарам интиҳо надошт. Зиндагиямон ширин буд, вале ягона чизе, ки хотири маро озурда месохт, ин муносибати пайвандони шавҳарам буд. Аз рӯзи аввали ҳамзистӣ хонаводаи шавҳарам маро дӯст надоштанд. Пайваста маро дар назди шавҳарам бадгӯӣ мекарданд.
Ҳамин тавр, соҳиби ду фарзанд шудем, вале хушдоманам ҳеҷ маро қабул кардан намехост. Вақтҳои охир шавҳарам ба хонаашон мерафту се-чор рӯз ва баъдан ҳафтаҳо бедарак мешуд. Ҳис мекардам, ки аз ману фарзандонам дур мешавад.
Боре як моҳ ба хона наомад. Баъдтар аз даҳони як хешамон фаҳмидам, ки зани дуюм гирифтааст. Аламовар он буд, ки хушдоманам медонист зангирии шавҳарамро ва бо келини нав равуо дошт. Ман инро таҳаммул накардаму аз шавҳарам ҷудо шудам.
Зиндагии шавҳарам бо зани дуюмаш барор нагирифт. Ҳоло ӯ аз ман бахшиш пурсида, мегӯяд, ки зиндагамонро барқарор кунем. Чанд моҳ аст, ки шавҳарам занг зада, аз ҳоли фарзандон мепурсаду ба зиндагиям баргаштан мехоҳад. Хотири фарзандон мехоҳам ӯро қабул кунам, вале метарсам, ки шавҳарам боз баромада меравад.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Д., аз шаҳри Душанбе