Албатта ҳар насл бо хусусияти хоси худаш аз насли пешин фарцмекунад, агар дар гузашта сатҳи маърифати ҷавонон баланд ва китобдӯстии онҳо бештар бошад, ҷавонони имрӯза бо ихтироъкорӣ, забондонӣ ва соҳибҳунарии худ аз онҳо фарқ мекунанд.
Дар хотирам ҳаст, яке аз устодонамон гуфта буд, ки Арасту доимо аз насли нав шикоят мекард ва фикр мекард, ки ояндаи ҷомеъа бо чунин ҷавонони бепарво чӣ мешуда бошад, аммо маҳз насли баъдии Арасту ихтироъҳое карданд, ки худи Арасту интизораш набуд.
Мо ин дам аз рӯзгори Диловари 16-сола қисса мекунем, ки аз чизҳои нолозим аквариум, шамолдиҳак ва мошинчаи худрав месозад.
Ӯ ба мо дар бораи ҳунари худ чунин нақл кард:
-Ман ҳанӯз аз давраи кӯдакӣ ба сохтани ҳамин гуна чизҳо шавқу ҳавас доштам. Мехостам мисли дигар ҳамсолонам бо шӯхию бозӣ вақтро беҳуда нагузаронда, ягон касбу ҳунари аҷибро ёд гирам. Модарам низ доим таъкид мекарданд, ки агар имрӯз ҳунареро нағз омӯзӣ, ҳамон ҳунарат пагоҳ туро бо обрӯ ва бологузар месозад. Ҳамин тавр аввал кам-кам ҳунари нонпазӣ ва харротиро аз худ кардам, аммо ростӣ ҳеҷ қонеъ намешудам.
Дилам мехост, ки ягон ҳунари боарзиштарро ёд гирам. Рӯзе сангчаҳои зебои ранга диққати маро беихтиёт ба худ кашиданд ва дар назди худам мақсад мондам, ки аквариум сохта, дохили онро бо ҳамин сангҳо оро медиҳам. Ҳамин тавр аз як зарфи пластикӣ (5 литра) аквариум сохтам ва дар он обсофкунак (Филтр) ҳамроҳ кардам. Обсофкунакро худам аз сарпӯши "баклашка" тайёр кардам.
Дар аквариуми сохтаам об гардиш хӯрда тоза мешавад. Албатта дар бозор аквариум мефурӯшанд, аммо бо нархи баланд...
Ба гуфти Диловар Ӯктамзода аксари хурдсолону наврасон ба моҳипарварӣ шавқи зиёд доранд, аммо онҳо моҳичаҳоро дар бонкаҳо парвариш мекунанду дар натиҷа моҳичаҳо дар муддати кӯтоҳ мефавтанд.
Аз ҳамин хотир ӯ маҳз ба сохтани аквариум машғул аст. “Аквариумҳое, ки ман аз зарфи пластикӣ месозам, ҳам зебо ва ҳам бехатар ҳастанд”-мегӯяд ин навраси соҳибҳунар.
Диловар барои сохтани аквариум аз зарфи пластикӣ, муҳаррики хурд ва барои ороиш аз сангчаҳои рангаву баргҳои пластмассӣ истифода мебарад. Ин ҷавони зирак аквариумро аз чизҳои оддие месозад, ки агар онҳоро истифода набарад, танҳо партов мешаванду халос.
Диловар сохтани ҳар гуна чизҳоро аз интернет омӯхтааст. Диловар Уктамзода андешамандона мегӯяд:
“Интернет мисли як кон, як хазинаи ҳунар аст, агар ҷавонону наврасон онро дуруст истифода бурда тавонанд, вале муттаас ифона, аксари бачаҳои мо интернетро танҳо василаи бзию дилхушӣ дониста, онро бо корҳои беҳуда ва бесамар харҷ мекунанд. Кас, агар аз интернет хуб истифода барад, он инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад."
Диловар ғайр аз сохтани аквариум боз шамолдиҳаки хурди дастӣ барои наврасону калонсолон ва аз чӯби оддӣ мошинчаҳои худрав месозад. Ӯ бо шавқу завқи беандоза ба пайроҳаи ҳунар қадам ниҳодааст ва имрӯз хешовандону пайвандонаш аз маҳсули дасти ӯ истифода мебаранд. Влидон ва хешу табору ҳамсояҳояшон ба ҳунару маҳорати Диловар баҳои баланд дода, аз ин бачаи хушзеҳн умедҳои зиёде доранд.
Диловар ният дорад дар оянда ҳунари худро тақвият бахшад ва барои давлату миллати худ сдиқона хизмат карда, мушкили мардумро осон намояд.
Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТҶ ба ин ҷавони ҳунарманду ҷӯянда барору комёбиҳо хоҳонем.
Абдуғаффор Шодиев