Formula novemver 2024
Бача доштанатро фаромӯш кун, оча! (Қисми 2)
4270


Фарзандонамро гирифта гирёну нолон роҳи хонаи падарамро пеш гирифтам. Падарам маро дида хавотир шуда бошад ҳам, чизе нагуфта ашкҳоямро пок кард ва баъди ба хона даромада, ҳодисаро ба ӯ нақл карданам сарамро силакунон гуфт:

”Ҷони падар, гиря накун. Ту духтари ҷасур ва меҳнатӣ ҳастӣ, Худо хоҳад дар зиндагӣ хору зор намешавӣ. Ин рӯзҳои вазнин ҳам оҳиста-оҳиста паси сар шуда, ғаму дардатро фаромӯш мекунӣ. Худо хоҳад, то вақте, ки ман, падарат зиндаву саломатам, намегузорам, ки ту бо бачаҳоят хору зор шавӣ. Ту фақат худатро ба даст гирифта, аз паси тарбияи кӯдаконат шав, масъалаи хурду хӯрокатонро ман худам ҳал мекунам...

Ҳамин тавр ман бо ду фарзанд боз дарди сари падари аз зиндагӣ наосудаам гаштам. Хонаи падарам бисёр хурд бошад ҳам, дили бузург дошт ва ба синну солаш нигоҳ накарда, худаш дар ду ҷо кор карда, зиндагиро пеш мебурд ва намегузошт, ки ман кор кунам, аммо...
Марги падар ва сарсониҳои зани танҳо
Ҳамин тавр аз байн чанд сол гузашт. Бо мурури замон падарам пир шуда, ба бистари беморӣ афтид ва баъди ду-се моҳ ин дунёи бевафоро падруд гуфт. Мани яккадухтари бе касу кӯй баъди сари падари меҳрубонам хору зор шудам, зеро на бародаре доштам, ки дастамро бигирад ва на хоҳаре, ки ақаллан дарди диламро ба ӯ гуфта, камтар сабук шавам.

Акнун нигоҳубини фарзандонам танҳо ба дӯши худам буд ва бо сабаби бесаводию ягон касбу ҳунар надоштан рӯзи дароз дар замини назди ҳавлигиамоно бчакорию деҳқонӣ мекардам, то бачаҳоям гуруснаву ташна намонанд. Гашничу пиёзи сабз, бодирингу помидор ва дигар зироатҳои бо дасти парвариш кардаамро ба бозор бурда мефурӯхтам ва бо ҳамин роҳ зиндагии худ ва фарзандонамро пеш мебурдам. Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки дар ҳаётам боз марде пайдо шуда метавонад, вале...

Тасодуфи бахтсоз

Рӯзе ба бозор як лаганд помидор бурда тасодуфан бо амаки Асадулло, ки ҷӯраи ҷонии падарам буд, вохӯрдам. Амаки Асадулло аз ҳоли ману фарзандонам пурсон шуд ва аз вазнин будани зиндагиамро фаҳмида гуфт:
-Духтарам, тани танҳо калон кардани ду фарзанд бисёр душвор аст, барои ҳамин як пешниҳод дорам. Дар деҳаи мо як марди занмурда зиндагӣ мекунад, ки Низом ном дорад. Ҳамсараш ҷавонмарг шуд ва бечора мардак бо 3 фарзанд танҳо монд. Чанд вақт шуд, ки барои бачаҳои ятимаш модари хуб мекобад, агар розӣ бошӣ, ман суроғаи туро медиҳам. Низом инсони хуб аст, боварӣ дорам, ки ба бачаҳои ту падарӣ карда, сарашонро сила мекунад, ту ҳам зани меҳрубон ҳастӣ ва ба фарзандони бе модари ӯ модарӣ карда, савоби зиёде мегирӣ...
Азбаски худам шавҳармурда будам, ҷавонмарг шудани занашро шунида дилам ба он мард сӯхт ва баъди каме фикр кардан розигӣ додам. Амаки Асадулло хурсанд шуда гуфт, ки ҳатман ин хабари хушро ба Низом мерасонад ва бегоҳ ҳамроҳи ӯ ба хонаи ман хостгорӣ меоянд.
Шавҳари дуюм
Ҳамон бегоҳ амаки Асадулло ҳамроҳи як ҷавонмарди хушқаду қомат меҳмони манзили мо гашт. Зоҳиран ин мард инсони бад наметофт ва ба хотири бачаҳои худам ва бачаҳои ятими ӯ ман ба издивоҷ бо Низом розигӣ додам. Ба нею нестони ман нигоҳ накарда ӯ барои бачаҳоям се-чор ҷуфти сару либоси нав харида дод ва барои худам низ куртаву пойафзол ва даҳ кило биринҷу гӯшту равған овард, то ки як маъракаи хоксорона ороста, тибқи расму русуми тоҷикона никоҳ кунем...
Ҳамин тавр дар байни як ҳафта мо бо ҳам хонадор шудем...
Манзили биҳиштӣ
Дари ҳавлии падарамро қулф зада, ҳамроҳи шавҳарам ба хонаи ӯ рафтам. Манзили Низом хеле калон ва барҳаво буда, дарахтони ҳосилхези зиёде дошт. Бачаҳои ман, ки як умр дар як хоначаи хурд зиндагӣ мекарданд, бо дидани чунин ҳавлии барҳаво бисёр хурсанд шуда, мисли маймунчаҳои шӯх гоҳ ба хоши дарахт мебаромаданду гоҳи дигар дар боғ шодона ҷастухез мекарданд. Хурсандии бачаҳоямро дида ман ҳам курта-курта гӯшт мегирифтам, ки ниҳоят аз ранҷу азоб халос шуда, минбаъд ҳаёти орому осуда ба сар мебарем, вале саодату хушбахтии мо дар ин хонаи барҳаво дер давом накард...

Давом дорад...
Раҳима Охонлаълова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД