Бабри барфӣ рамзи якумин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ интихоб шуд. Мақсад аз интихоби бабри барфӣ ҷасорату матонати ин ҳайвони нодири кӯҳистонӣ ва ташвиқи ҳифзи он мебошад.
Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ пагоҳ, 28-уми август дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то 31-уми август идома хоҳад кард. Дар ин сабқати варзишӣ зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил дода, рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо - 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон сурат мегиранд.