Имрӯз, 3-юми март дар Тоҷикистон марҳилаи аввали бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз гардид.
Тавре Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, даври аввали бақайдгирӣ имсол то 30-юми апрел идома меёбад.
Арзиши бақайдгирӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфи 9) 320 сомонӣ муқаррар карда шудааст.