Sebiston new 2024 october
Ба журналистони телевизион хона медиҳанд?
907

 

Чанд сол қабл ҳукумат барои кормандони телевизион дар маркази шаҳр хона сохта буд. Инак, барои кормандони телевизион ва радио боз як бинои нави истиқоматӣ сохта мешавад.

Тавре ки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, масъалаи бунёди манзил барои кормандони ТВ ва радио бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аллакай мувофиқа карда шудааст ва ба наздикӣ барои кормандони ин сохтор дар пойтахт биноҳои нави истиқоматӣ месозанд.

Тибқи нақша барои журналистони телевизион ва радио ду бинои нави 12-ошиёна сохта мешавад, ки дорои 144 хонаи як ва дуҳуҷраӣ мебошанд.

Нуриддин Саид гуфт, дар робита бо ин мавзӯъ ӯ ба шаҳрдори Душанбе мулоқот кардааства аллакай тарҳҳо мувофиқа карда шудаанд.

Ба роҳбарияти шабакаҳои радиою телевизион дастур дода шудааст, ки рӯйхати кормандони ба манзил ниёз доштаашонро пешниҳод созанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД