Абдуғаффор ном дорам. Бо ҳамсарам чор сол инҷониб зиндагӣ дорем. Соҳиби ду фарзанд ҳастем. Дар тӯли чор соли ҳамзистӣ дар зиндагии мо ҳодисае рух надодааст, ки мисли ҳодисоти ҳафтаи гузашта маро ба ташвишу изтироб афканда бошад. Ман ҳаргиз нисбати модари фарзандонам рашк эҳсос нанамуда ва ҳатто чӣ будани рашкро намедонистам. Аммо пас аз чор соли зиндагӣ дар байни чанд рӯз он қадар оташи рашк дар вуҷудам аланга зад, ки қариб буд ҳамаро бисӯзонад.
Ҳафтаи гузашта азм кардам, ки хонаамро таъмир мекунам. Гарчанд хона ба таъмири ҷиддӣ эҳтиёҷ надошт, вале худ танбалӣ карда, усто фармудам. Ҳол он, ки тӯли тамоми муддате, ки дар ин хона мезистам, ҳама гуна таъмири ҳам хурду ҳам калонро худ анҷом медодам. Тамоми ашёи барои таъмир заруриро омода карда, аз бозори мардикорон ҷавонеро гирифта, ба хона овардам.
Ҳамсарам ҳам хурсанд буд. Аслан ҳис кардаам, ки ҳар дафъа ҳангоми оғози таъмири хона ӯ хурсандӣ мекард. Вале ин дафъа, дар назарам, хурсандии ӯ бештар буд. Ба ӯ фармудам, ки аз усто бохабар бошад, хӯрок ва чояшро сари вақт омода намояд. Худ ба кор рафтам. Нисфирӯзӣ корҳоям сабуктар шуданду хостам, бубинам, ки усто ба чӣ қодир аст ва фармудаҳоямро чӣ гуна иҷро мекунад. Аз дар даромадаму ҳангам канд. Ҳамсарам дасту остин барзада, бо хандаю шӯхӣ дар паҳлӯи усто кор мекард. Дар тӯли тамоми зиндагиамон ӯ боре кори мардонаеро иҷро накарда буд, хасеро аз ҷое ба ҷое нагузоштааст. Ва ҳеҷ гоҳ ба ман ёрӣ нарасонидааст. Ҳатто дар ҳолате, ки аз ӯ хоҳиш мекардам, ҳамеша барои “не” гуфтан баҳонае дошт: кӯдакро хобонидан лозим аст, хӯрок пухта истодааст ё бояд ҷомашӯӣ кунад. Он рӯз бошад, бе ҳеҷ хоҳише, назди марди бегона сар хам карда, кори мардона мекард. Маро он чиз бисёр ба шигифт овард, ки пешобағали занам намоён буд. Вале он лаҳза кӯдакон аз мактаб баргаштанду дилам осуда гардид. “Дар хона одам ҳаст!” гӯён, ба кор баргаштам. Субҳи рӯзи дигар ҳамсарам он қадар хушҳол буд, ки гӯё тилло харида бошад.
-Дар хона мева нест. Барои усто мева оред. Ширинӣ биёред. Помидору бодиринг биёред, ки шакароб кунам,-хоҳиш кард ӯ.
Ҳол он ки ба падару модараш ҳам ин қадар ғамхорӣ намекард. Бо вуҷуди ин, ман ҳама чизи фармудаашро ҳозир намуда, боз ба кор рафтам. Вале соате кор карда, вақт ёфтаму аз ҳоли усто хабар гирифтам. Дар рӯи ҳавлӣ танҳо писарчаам бозӣ мекард.
-Очаат ку?Усто омад?-пурсидам.
-Усто қати очам дар хона чой хурдестан,-ҷавоб дод писарчаам.
Ин дам овози мо ё садои пӯшида шудани дарвозаро шунида, ҳамсарам ба берун баромад. Табъи ӯ хеле болида буд. Мешукуфт. Чизе нагуфта, ба хона даромадам. Дастурхон густурдаву усто наҳорӣ мекард. Ҳамсарам пеш аз оғози кор барои усто ношто тайёр кардааст. Вале чаро дар хона? Охир, аллакай ҳаво гарм шудааст. Дар болои кат ҷой ҳаст-ку! Чизе нагуфтам. Аммо кирми рашк диламро мехӯрд. Ба усто баъзе фармоишҳо додаму ба кор рафтам. Дилам орому қарор гум карда буд. Дастам ба коре намерафт. Нисфирӯзӣ ба хона омадам. Кӯдаконам, ки аслан ба берун намебаромаданд, дар кӯча бозӣ мекарданд.
“Очам қати усто абед карда истодааст”,-хабар доданд онҳо. Ба ҳавлӣ даромадам, ки ҳамсарам бо табақи хӯрок назди усто равон аст...
Ҳамроҳаш хӯрок хурдаму боз пайи кори худ шудам. Вале аз рашк месӯхтам. Анҷоми рӯзи кориро интизор нашуда, баргаштам. Ҳамсарам бо хандаву шӯхӣ қуму сементро омехта мекард...
Шаб хобам набурд. Хаёл мекардам, ки ин ду тан чӣ балое доранд. Ростӣ, ба садоқату вафодории занам, ба покии ӯ шубҳа доштам. Рӯзи дигар барвақттар аз хона баромада, ба назди чанд шиносу дӯстони деринаам рафтам. Ҳолатамро ба онҳо нақл карда, маслиҳат пурсидам, ки чӣ тавр хиёнати ҳамсарамро ошкор намоям, агар дар ҳақиқат хиёнат карда бошад. Яке гуфт, ки дар хона дастгоҳи наворбардорӣ гузорам. Дуюмӣ, магнитафону диктафонро тавсия дод. Сеюмӣ, маслиҳат дод, ки бо баҳонае ҳамсарамро аз ҳавлӣ берун фиристаму дар хона пинҳон шавам...
Рӯзи дароз дар ин бора фикр кардам. Ҳеҷ яке аз маслиҳатҳо маро хуш намеомад. Чӣ тавр пас аз чор соли зиндагии хушу ширин мисли ҷосус ҳамсарамро поям? Охир, усторо ман фармудаам на ӯ. Ман ҳамсарамро бо ин усто дар ҳавлӣ танҳо гузоштам. Ҳамсарам ин хоҳишро накардааст! Магар гуноҳ аст, ки ӯ ободии хонаро аз ман бештар мехоҳаду ба усто ёрӣ расонидааст?
Шаб низ хобам набурду фикр кардам. Шайтон мегуфт, ки айби занатро исбот намову ҳарду-ҳам занат ва ҳам усторо ҷазо деҳ! Вале бо ақлу дил ба ин розӣ набудам. Охир, агар бечораҳо гуноҳе надошта бошанд чӣ? Чӣ тавр ин бегуноҳияшонро исбот кардан мумкин аст? Ва чаро ман ҳамсарамро гунаҳкор кунам, ки худ гунаҳкорам?
Пагоҳӣ усторо интизор шудам. Ҳамаи шубҳаҳоямро ба ӯ гуфтам.
-Акаҷон, ман аз янгаам хурд ҳастам. Чӣ тавр ба он кас нигоҳи бад дошта бошам?-гуфт тарсидаву ларзида.
Ҳамсарам ҳам қасам хӯрд. Вале ман усторо ҷавоб додам. Узр хостам. Ҳаққи корашро аз кардааш зиёдтар пардохта гуфтам: “Дигар ҳаргиз усто фармудан намехоҳам, агар кор аз дасти худам ояд. Агар воқеан усто шарт бошад, дар паҳлӯяш мешинаму намегузорам, ки дигар дилам аз рашк бисӯзад. Сабаби ин суханҳоям ҳам ҳамин аст. Бигзор, ҳар марде, ки ба хонааш усто даъват менамояд, пешакӣ рухсатӣ бигирад ва дар паҳлӯи устои фармудааш истода, беҳуда аз ҳамсараш гумони бад накунад.
Абдуғафори шаҳрӣ