Салом! Ман зани 48-сола ҳастам ва мехоҳам қиссаи зиндагиамро нақл карда, дарду аламҳои диламро холӣ кунам.
Ману шавҳарам замони донишҷӯӣ ба ҳамдигар ошиқи шайдо шуда, бо ишқу муҳаббат оила барпо намудем. Шавҳарам бачаи камбағал ва солҳои аввал шароити зиндагиамон бисёр душвор буд, вале ба хотири ишқу муҳаббати покамон мани дар оилаи серу пур ба воя расида ба ҳамааш тоқат мекардам. Рӯзҳое буданд, ки имконияти хӯрок пухтан намеёфтам, зеро дар хона ягон чиз набуд, аммо сир бой намедодам, то ки обрӯи шавҳарам дар назди дигарон паст нашавад. Худ ба худ фикр мекардам, ки ин рӯзҳои сахту душвор гузарандаанд, охир, шавҳари ман мард аст ва як рӯз не, як рӯз роҳашро ёфта, соҳиби ҳама чиз мешавад.
Дар ҳақиқат пас аз хатми донишгоҳ шавҳарам роҳашро ёфта, оҳиста-оҳиста соҳиби касбу кор гашт, баъдтар тиҷорат кушод ва кораш авҷу барор гирифта, ба як тоҷири муваффақ табдил ёфт, вале беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки агар ҷомаи мард дуто шавад, нағмаҳои нав мебарорад. Шавҳари ман ҳам пулдор шуда, тағйир ёфт, куллан одами дигар шуд. Вай бо баҳонаи тиҷорат ҳафтаҳо гум шуда мерафт, баъд аз забони ин ё он шинос мефаҳмидам, ки ӯро дар меҳмонхоҳою дискотека бо духтарҳои ҷавон дидаанд.
Хулоса, борҳо аз рӯйи духтарбозиаш ҷангу ҷанҷол шуда бошем ҳам, ман дигар роҳи баргашт надоштам, зеро мо аллакай соҳиби 4 фарзанд будем ва намехостам аз рӯйи ким-кадом духтарҳои кӯчагӣ кӯдаконам бе падар ва дар ба дар гарданд. Фикр мекардам, ки бо мурури замон оташи дили шавҳарам паст шуда, ақлаш ба сараш мезанад, вале ҳар қадаре, ки синну солаш болотар равад, ин марди айшу ишратпараст духтарбозтар шуда, маъшуқаҳояшро мисли ҷӯробҳои пояш тез-тез иваз мекунад.
Вақтҳои охир шавҳарам бо як духтараки ҷавон, ки шояд 21-22-сола бошад, робита дорад. Барои шавҳари ман ин духтарак ба мисли як бозичаи қашангу зебо аст. Ин марди айшпараст бо воситаи ҳамин “бозичаи зебо” ба дигар ҷӯраҳои айшпарасташ “марди зӯр” будани худро нишон доданист, вале намедонам ин духтарҳои ҷавонро чӣ ҷин задааст, ки ба осонӣ ба доми чунин мардони пулдор меафтанд.
Ман хуб медонам, ки шавҳарам сад маъшуқаи ҷавону зебо ёбад ҳам, ҳаргиз фарзандонашро намепартояд ва ба хотири кадом як духтари ҷавон тарки оила намекунад, аммо хиёнат кардани мардро дидаю дониста бо ӯ дар як болин сар ниҳодан душвор аст. Аз ҷониби дигар, ман худам модарам, ду духтари қадрас дорам ва дилам ба духтарҳои ҷавон ва беандешае, ки ба хотири пулу мол шуда, бозичаи дасти чунин мардони айшпараст мешаванд, месӯзад. Ба чунин духтарони ҷавон гуфтаниям, ки ба умеди шавҳари мардум нашавед, зеро марди зандор шуморо дар нимароҳи зиндагӣ партофта, ба назди зану фарзандонаш бармегардад.
Ба хотири пулу мол ва туҳфаҳои қиматбаҳо шуда, ҳаёти худро насӯзонед, духтарҳо!
З. М.