Лутфия, медонам, ки мухлиси «Оила» ҳастӣ, инро Диловар ба ман гуфта буд, барои ҳамин бо воситаи ин сомона ба ту муроҷиат мекунам. Чаро ҳамеша мисли соя аз паси шавҳари ман мегардӣ? Магар намедонӣ, ки вай зан дорад, хонаву дари обод дорад, фарзанд дорад?
«Мо ҳамсабақем» гуфта шавҳарамро дастгирӣ кардӣ, ёрдам додӣ, барои ин корҳоят ман ба ту сад бор раҳмат мегӯям, вале аз ин пас дигар ба ҳаёти мо дахолат накунӣ, беҳтар аст. Ёд дорӣ, хушдоманам дар беморхона ба ту чиҳо гуфта буд? «Бо касофатии ту писарам ба садама дучор шуд, дигар пою қадаматро ба ин ҷо нагузор, ки поятро зада мешиканам!» Бале, маҳз ҳамин хел гуфта буд модаршӯям дар рӯят, вале ту ягон зарра хун надоштаӣ, баъди ҳамон қадар гапҳои сахти модараш боз ба шавҳари ман паёмаки ошиқона фиристодӣ. Ту чӣ хел зани мусалмон ҳастӣ, ки ба як марди номаҳрам ҳар шаб суратҳои шармовар мефиристӣ?
Ягон зарра шарму ҳаё дорӣ ё не? Бо ҳамин роҳ дили шавҳари маро ба худ гарм карда, оилаи ободи моро вайрон кардан мехоҳӣ? Ин хобатро ба об гӯй! Ман аз он занҳои содае нестам, ки ба осонӣ шавҳарашонро ба каси дигар медиҳанд. Шавҳарам ҳеҷ гоҳ барои ту шуда, маро намепартояд, чунки дар ҳама пастию баландиҳои зиндагӣ дар бараш ҳастам ва ӯ маро аз ҷонаш бештар дӯст медорад.
Дар вуҷудат ақаллан як зарра нангу номус боқӣ монда бошад, дигар аз паси шӯйи ман давида нагард, Лутфия, чунки аздусар ту аз ин ишқи беҷавоб ба ҷуз шармандагӣ дигар чизе ба даст оварда наметавонӣ!
Аҳдия.