Сарфи назар аз синну сол ҳар як инсон аз хӯрок, об ва ё доруҳои кимиёвӣ зарҳолуд шуда метавонад. Хатари заҳролудшавӣ махсусан дар фасли тобистон зиёдтар аст.
Одамон бештар дар ҳавои гарм аз хӯрдани хӯроки вайроншуда, меваю сабзавоти ношуста, нӯшидани оби ноҷӯшида ё оббозӣ дар обҳои ифлос ва сабабҳои дигар заҳролуд мешаванд. Бисёриҳо заҳролудшавиро мушкилӣ муввақатӣ шумурда, ба мариз чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин ғалати бузург аст.
Заҳролудшавиро набояд дасти кам гирифт, зеро дар сурати сари вақт ёрӣ нарасонидан ба шахси заҳролудшуда, бар асари қайкуниии зиёд ва шикамрав дар муддати кӯтоҳ ҷисми бемор бо мушкилӣ беобшавӣ дучор шуда, беҳолу бемадор мешавад ва ҳатто метавонад аз ҳуш равад.
Заҳролудшавӣ ҳамчунин боиси хунравӣ, зиён дидани узвҳои муҳими дохилии инсон аз қабили меъда, рӯдаҳо, гурдаҳо ва ҳатто дил гашта метавонад, бинобар ин, ҳар як шахс бояд хуб донад, ки дар ҳолати заҳролудшавӣ ба одами заҳролудшуда чӣ гуна бояд кӯмак расонд?
Нишонаҳои заҳролудшавӣ
Заҳролудшавӣ асосан бар асари афтидани микроорганизмҳои зараровар, заҳр ё доруҳои кимиёвӣ ба организми инсон сар мезанад. Нишонаҳои асосии заҳролудшавӣ аз ғизо инҳоянд:
1. Дарди шадид дар қисмати болоӣ ё поёнии шикам, ки пас аз чанд соати истеъмоли ғизои вайроншуда сар мешавад.
2. Дамиши шикам ва эҳсоси нороҳатӣ
3. Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ. Дараҷаи заҳролудшавии ҷисми инсонро аз қайкуниаш фаҳмидан мумкин аст. Агар шахс ба шакли сабуки заҳролудшавӣ гирифтор гашта бошад, дар як шабонарӯз то 5 маротиба қай мекунад. Шакли миёна 10-15 маротиба ва зимни шакли вазнини заҳролудшавӣ кас бештар аз 15 бор дар як шабонарӯз қай мекунад, ки ин бисёр хатарнок аст.
4. Дарунрав, то 10-15 маротиба дар як рӯз. Ислоҳ ва қайкунии зиёд метавонад боиси беобшавии организми бемор гардад.
5. Баланд шудани ҳарорати бадан. Маъмулан зимни заҳролудшавӣ ҳарорати бемор то 38 дараҷа баланд мешавад, вале дар баъзе ҳолатҳо табби мариз то ба 40 дараҷа расида, табларза мекунад.
6. Якбора ниҳоят паст шудани ҳарорати бадани мариз бар асари заҳролудшавии шадид. Ин ҳолати аз ҳама хатарнок ба шумор меравад, зеро оқибатҳои ноуворро ба бор оварда метавонад.
7. Табларза.
8. Беҳолию бемадорӣ.
9. Дарди банду буғумҳо.
10. Пастшавии фишори хун.
11. Сарчархзанӣ ва дарди сар.
12. Хоболудӣ.
13. Тез-тез задани дил.
14. Хушкшавии пӯшти бадан.
15. Эҳсоси нафастангӣ ва хирашавии чашмон.
Ба шахси заҳролудшуда чи гуна бояд ёрӣ расонд?
Барои ба шахси аз ғизои фосид заҳролудшуда ёрӣ расонидан корҳои зеринро анҷом додан лозим аст:
1.Тоза кардани меъда ва рӯда аз заҳр-ғизои вайроншуда.
2. Мусоидат намудан ба хориҷшавии заҳрҳо (выведения токсинов) аз ҷисми инсон.
3. Талош баҳри ба эътидол овардани меъёри об дар ҷисми бемор.
4. Истифодаи антидотҳо.
5. Тез-тез об додан ба мариз.
6. Муввақатан, то тоза шудани ҷисмаш даст кашидани мариз аз хӯрок