24 соли умрам дар муҳоҷират, дар Шарқи Дур гузаштааст. Бисёр ҳодисаву рӯйдодҳоро аз сар гузаронидаам, вале ин ҳодиса дар хотирам абадӣ хоҳад монд...
Чун ҳарвақта ба сменаи шабонаи сехи калони қаннодӣ ба кор мерафтам. Дар берун ҳавои хунуки қаҳратуни моҳи январ (крещенские морозы), ҳарораташ аз -42 боло, ҳукмфармоӣ мекард. Ба хатсайри якум омада савор шудам ва ба ҷойи холи буда нишаста, манзараи зимистонро тамошокунон мерафтам. Хатсайр дар истгоҳи навбатӣ, ки дар назди мактаб воқеъ буд, истод. Мактаббачаҳо бо шавқун вориди хатсайр шуданд. Ин вақт чиптафурӯш бо навбат аз талабаҳо роҳкиро мегирифт.
Банохост овози дағалонаи чиптафурӯш ба гӯш расид, ки кадоме аз бачаҳоро барои роҳкиро надоштанашон аз хатсайр берун бароварданӣ буд. Ман ба ин муаммо дахолат намуда гуфтам:
- Шумо чӣ кор мекунед, ҳавои берун хело хунук аст, ман роҳкирои онҳоро медиҳам... – ва аз ҳамёнам маблағ бароварда додам.
Яке аз кӯдакон духтарча ва дигараш писарбача буданд. Духтарчаро наздам шинонда, пурсуҷӯ кардам. Номаш Настя, писарбача бародараш Лёша буд. Настя дар синфи якум, Лёша бошад, дар синфи сеюм мехондааст. Аз гуфти бачаҳо онҳо баъд аз машғулияти иловагӣ каме дар кӯча барфбозӣ намуданду роҳкирои худро ба шириниҳо сарф намудаанд. Чеҳраҳои зебо ва биничаҳояшон аз сармои хунук ҳамчу лола суп-сурх шуда буданд. Пас аз каме вақт аз Настя пуридам:
-Магар бевақт нашуд, падару модарат парешон шудагистанд, ҳаво бениҳоят хунук охир...
Настя бо чашмони маҳзунаш ба ман нигаристу маъюсона ҷавоб дод:
-Мо модар надорем, падарам бошад, маҷрӯҳ аст. Ман ва бародарамро бобою бибиям ба зиммаи худ гирифтаанд.
Аз саволи додаи худам худро сарзаниш кардам, ки дили кӯдакро бо пурсуҷӯям ранҷондам. Баъди каме истгоҳи коргоҳи ман ҳам наздик шуду бо бачаякон хайру хуш кардам, ки ин дам Лёша пурсон шуд:
- Холаҷон, шумо магар дар сехи қаннодӣ кор мекунед?
Табассум намудаму гуфтам:
-Бале,- ва ба роҳи худ идома додам.
Пас аз ду рӯзи истироҳат боз ба кор омадаму ба кор шурӯъ намуда будам, ки сардори навбатчии коргоҳ маро фарёд намуд. Аз утоқи корӣ ба долон баромадаму дар ҳайрат шудам. Дар долон Настяву Лёша бо як шахси калонсол меистоданд. Баробари маро дидан, Настя ба наздам давон омада, салом кард. Наздиктар рафтам, ки Лёша ва бобояшон бо ман саломи гарму самимӣ намуданд. Баъди суҳбат бо Вадим Алексеевич - бобои бачагон, фаҳмидам, ки модар ва падари Настяву Лёша ба садамаи автомобилӣ дучор шудаанд, модарашон дар ҷои садама ба ҳалокат расида, падарашон маҷрӯҳи бистарӣ шудааст. Вадим Алексеевич тақдири духтари ягонааш ва наберагонашро нақл мекарду ашки талхаш рӯйҳояшро чун жола мешустанд. Аз шунидани ин ҳодисаву тақдир дилам реш шуд, дилам ба ҳоли бачагон месӯхту мӯйсафедро чӣ гуна тасаллӣ доданамро намедонистам. Баъде каме Вадим Алексеевич коғазхалтаеро ба дастам дод, ки дарунаш муррабо ва помидору бодиринги барои зимистон тайёркардашуда буд. Ман дарҳол гирифтани онҳоро рад кардам, вале мӯйсафед пофишорӣ кард:
-Сахт меранҷам, агар нагиред, ин ҳама аз деҳқонии худамон, маззаашро чашида бинед, - гӯён маро розӣ кунонд.
Медонам, ки бачаҳо шириниро дӯст медоранд, бинобар ин, дарҳол ба утоқи калони захира рафтаму ба Настя ва Лёша шириниҳо овардам. Бобояшон каме маро сарзаниш кард, ки барои чӣ ташвиш мекашам. Вале бачаҳо бо гирифтани шириниҳо хурсанд буданд ва миннатдории худро гуфтанду хайрухушкунон рафтанд.
...Бо гузашти айём, як тобистон дар автобус дар хатсайри маъмулии худ ба кор равона шуда, роҳкиро пардохт карданӣ шудам. Кондуктор ба як ҷавони навхати қоматбаланд ишора намуд, ки ӯ бароям аллакай раҳкиро пардохт намудааст.
Ба ҷавони қаду қоматдори зебо менигаристаму дар ҳайрат будам. Ҷавон бошад, ба ман нигариста табассум мекард. Табассуму чеҳрааш шинос метофту ҳеҷ ба хотир оварда натавониста, кунҷковона менигаристам. Аз нигоҳҳои ман яқин донисту ба наздам омаду “салом холаҷон” гӯён дастамро фишурду пурсид:
- Шумо маро нашинохтед, ман Лёша бародари Настя, - гуфт.
Аввал ба ёдам наомад, вале чун қазияро нақл кард, бо ҳаяҷон аз ҷоям хеста, дастони Лёшаро дуюмбора фишурдам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки ҳамон Лёшаи майдаҳаки нуҳсола ин қадар йигити қадбаланди базеб шудааст. Ҳамоно саволборонаш кардам, ки Настя дар куҷост ва худаш бо чӣ кор машғул аст.
- Ман дар шаҳри Рязан дар Донишгоҳи олии ҳарбӣ мехонам, имсол хатмкунанда ҳастам, Настя бошад, дар Донишгоҳи олии тиббӣ курси сеюмро хатм кард ва дар айни ҳол бо падарам зиндагӣ ва ӯро нигоҳубин мекунад, - гуфт Лёша.
Аз шунидани тақдири неки бародару хоҳар бениҳоят хурсанду хушҳол шудам ва ҳеҷ боварам намеомад, ки бо онҳо дуюмбора вомехӯрам.
Баъди ин воқеа, ба ҳақиқати масали “Кӯҳ бо кӯҳ нею одам бо одам мерасад" бовар кардам...
Иродахон Носирова (Ашӯрова)
ш. Хабаровск