Ман дишаб як хоби даҳшатнок дидам. Дар хобам мошинамон ба садама гирифтор шуда, атроф пур аз хун буд. Мани ваҳшатзада гирёну нолон ба чор тараф давида, ёрӣ мепурсидам, вале дар гирду атроф касе ба назар наменамуд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
ХУДОЙБАХШ, аз Вахш
Посух:
- Садама дар хоб таъбирҳои гуногун дорад. Тавре дар хобномаҳо омадааст, садама дар хоб метавонад нишонаи сар задани ягон мушкилӣ дар ҳаёти шахси хобдида ё баръакс ба поён расидани мушкилиҳо бошад.
Садамаи пурқурбониро хоб дидан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида дар бораи марг бисёр фикр мекунад ва тарсу ҳарос дар дилаш ҷой шудааст. Кас хоб бинад, ки дар роҳ ҳолати садамавӣ ба миён омадааст, вале касе зарари ҷисмонӣ надид, дар ҷойи кораш ҷангу ҷанҷол сар мезанад.
Зан садама хоб бинад, дар ҳаёташ ягон мушкилӣ ба миён меояд. Аз дур садамаро мушоҳида мекарда бошад, ба худи вай зарар намерасад, вале худаш ба садама гирифтор гашта бошад, ба таври ғайриихтиёр ба ягон моҷаро ва ҷангу ҷанҷол кашида мешавад.
Хоб бинед, ки ба садама афтода, сахт захмӣ шудаед, дар ҷойи кор бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардед. Ҳар қадаре ҷароҳати бардоштаи шахс вазнин бошад, ҳамон андоза ҳалли мушкилӣ душвор мегардад.
Мард хоб бинад, ки ба садама гирифтор шудааст, ба ҳолати яъсу навмедӣ меафтад. Хоб бинад, ки ронандагӣ мекунад ва мошинаш ба садама дучор гаштааст, ба ягон моҷарои калон кашида мешавад ва ин ба обрӯю нуфузаш дар байни мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Кас хоб бинад, ки ба садама гирифтор шуда мурдааст ё захмӣ гаштааст, бояд саломатиашро эҳтиёт намояд, зеро чунин хоб аз сар задани бемории тӯлонӣ дарак медиҳад.
Духтари ҷавон хоб бинад, ки ба садама гирифтор шудааст, аз ошиқаш ҷудо мешавад.
Садама дар хоб метавонад ҳамчунин рамзи мубориза бо душманон бошад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар кас дар хобаш ба садама гирифтор гардад, зан ё шавҳараш ба ӯ хиёнат мекунад ва дар зиндагӣ бо шикаст рӯ ба рӯ мешавад.