Дирӯз як зани 78-сола бо ҷурми ғорати бонк бори сеюм дастгир шуд. Дар ин бора сомонаи "Mirror" иттилоъ додааст.
Бино ба қавли манбаъ, Бонни Гук, ба ғорати бонки молиявии Гопперт муттаҳам мешавад.
Кормандони пулис баъди боздошти ҷинояткор кампири 78-сола будани ғораткунандаро фаҳмида дар ҳайрат мондаанд. Томас Райт, сардори полиси Плезант Ҳилл, гуфтааст:
"Вазъият хеле муташанниҷ буд. Вақте дастони зани солхӯрда аз мошин берун мешаванд ва худи ҳамон шахс мошини гумонбарро идора мекунад, каме ҳайратовар аст."
Мақомот тасдиқ кардаанд, ки Бонни дар солҳои 1971-2020 ду бор ҷинояти ғоратгариро содир намудааст. Писари пиразан қисса кардааст, ки модараш пас аз як ҷанҷол бо хонавода таҳдид карда буд, ки ба ҷинояти дигар даст мезанад ва билохира корашро кард. Ин дафъа Бонни Гук аз кормандони бонк 3 ҳазор доллар талаб кардааст.
Бонни барои ташхис ба беморхона фиристода шуд. Дар ҳамин ҳол, додситони ноҳия ӯро ба ғоратгарӣ муттаҳам карда, ба маблағи 25 000 доллар ҷарима муайян намудааст.