Commerce bank may-june 2026
Ба ҷойи ман зиндагӣ кун... (ҚИСМИ 1)
128

Имшаб мисли шаби гузашта моҳи пурра ҷаҳонро равшан карда буд. Шаббодаи форам мевазид ва бӯйи баҳорро ба димоғ мерасонд. Кӯча холӣ ва ором буд. Ӯ ҳамроҳи ду фарзанду шавҳараш аз боғи фароғатӣ баромада, сӯйи хона мерафт, ки ногаҳон чашмонаш сиёҳӣ заду ба замин афтод...

Дар беморхона пас аз муоина ва таҳлилҳо духтур гуфт:

- Шумо бемории cаратон доред...

Бо шунидани ин сухан аз ҳаяҷони зиёд тамоми вуҷудаш ларзид. Ранги рӯяш парид. Лаҳзае хомӯш монд, гӯё замин аз зери пояш рафта бошад. Баъд бо илтиҷо гуфт:

- Илтимос, ба шавҳарам нагӯед... Гӯед, ки танҳо камхунӣ дорам.

Духтур хомӯшона сар ҷунбонд.

Ба хона баргаштанд. Бо ҳазор фикру хаёл рӯзро бегоҳ кард. Аз хабари шунидааш ба худ намеомад...

Рӯзҳо мегузаштанд. Ранги рӯяш рӯз ба рӯз пажмурда мешуд. Аммо дардашро ба касе намегуфт. Фақат мехост лаҳзаҳои боқимондаи умрашро бо фарзандонаш гузаронад. Ҳар боре ба онҳо менигарист, дилаш реш-реш мешуд. Буғз гулӯяшро фишор медод. Ӯ чун анори фишурда шуда буд. Беморӣ ба вай қимат афтод. Осудаҳолӣ ва бурдборияшро барҳам зад.

Ташвишҳои зиндагӣ ба ӯ чандон таъсир намерасонданд. Зарбаҳои зиндагиро беғамонаю бебокона, хандида пешвоз мегирифт. Вай зане буд хушсалиқа, соҳиби тамкину виқор, ситорагарм. Чашмони калон-калони сиёҳ, гардани баланди зебо ва сафед дошт.

Аммо акнун беморӣ гӯё мисли заҳрпечак тамоми вуҷудашро печонида буд. Бо вуҷуди ин, дар назди шавҳараш ҳамеша худро хушҳол нишон медод. Механдид, хӯрок мепухт, суҳбат мекард, гӯё ҳамааш хуб бошад. Вақте субҳ шавҳарашро ба кор мефиристод, рӯз то бегоҳ хастаҷону беҳавсала кунҷи хона менишаст. Аз марг наметарсид. Аз он метарсид, ки фарзандонаш бемодар мемонанд... Фақат дар ҳамин бора меандешид. Тоқати дурӣ аз ҷигарбандонашро надошт. Ҳар лаҳзаю ҳар соат ба фарзандону шавҳараш меандешид.
Бегоҳ, ки шавҳараш аз кор меомад, бо ҳамон хандаю табассуми ҳамешагияш пешвозаш мегирифт. Хӯрок омода мекард. Бо ҳам мехӯрданд, мегуфтанду механдиданд. Ӯ мисли гули ханҷарӣ ҳама вақт сарсабзу сариҳол худро нишон медод, шавҳараш пай намебурд, ки дар вуҷуди ӯ беморӣ рӯз то рӯз реша давонида, бемадору хастаҷонаш месозад.

Ӯ барои зиндагӣ кардан фурсати кам дошт. Ба шавҳараш гуфт, ки модараш бемор асту барои нигоҳубини ӯ ба деҳа меравад...

Вақте ба деҳа расид, падару модараш ӯро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Аммо модар бо як нигоҳ тағйирёбии ҳоли духтарашро ҳис кард.

- Чӣ шуд, духтарам? Ранги рӯят чаро ин қадар зард аст?,- бо нигаронӣ пурсид ӯ.

Духтар табассум кард, чашмонаш пур аз ашк шуд:

- Ҳеҷ чиз не, очаҷон, дар роҳ каме хаста шудам...

Падар ҳам ҳолати ҷигарбандашро дигаргун дид. Дилаш чизеро ҳис кард. Вақте аз духтараш ҳақиқати ҳолро шунид, ранги рӯяш сап-сафед шуд, нафасаш дар синааш дармонд. Дастонаш ба ларза даромаданд, пойҳояш бемадор гаштанд, қоматаш хам, дунёяш торик, зиндагияш бенур шуд.

Модар бошад фарёд кашид:

- Ин хел нагӯ, духтарам! Духтурҳо дурӯғ мегӯянд.

Модар худро ба оғӯши ӯ партофт. Ашкаш беист мерехт. Дилаш тез-тез метапид. Фишори хунаш баланд шуд.

Фазои хона буғранҷ гашт. Он ҷо дард ҳукумат меронд. Ҳар се сукут карданд, аммо дили ҳар кадоме фарёд мезад...

Ӯ хоҳаре дугоник дошт. Онҳо мисли себи дукафон шабеҳи ҳам буданд. Байнашон фарқ гузоштан мушкил буд. Падар хоҳари ӯро аз хона ронда буд. Барои номусашро доғдор кардан ӯро бахшида наметавонист. Вай ба умед ба деҳа омада буд, ки падарашро бо хоҳараш оштӣ диҳад. Хоҳаре, ки пеш аз шавҳар кардани ӯ аз хонаашон рафта буду аз дидори ҳамдигар маҳрум гашта, пазмон ҳам буданд. Аз падар илтиҷо кард, ки аз гуноҳи хоҳараш бигзарад, ӯро ба хона баргардонад. Ба кумаки ӯ эҳтиёҷ дорад.

Падар ноилоҷ монд, Зуҳроро ба хотири Фотима бахшид. Вайро ба хона овард. Ҷудоӣ, дард, пушаймонӣ гӯиё дар як лаҳза ба анҷом расид. Хоҳарон ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ рехтанд ва баъди солҳои ҷудоӣ якдигарро раҳо кардан намехостанд...

Фотима қиссаи зиндагию бемории худро ба Зуҳро нақл кард. Гуфт, ки то марг фосилае кам дорад. Хоҳиши ягонааш ин аст, ки пас аз марг ба хонаи ӯ рафта, ба фарзандонаш модарӣ намояд:

- Ту ба ҷойи ман модари фарзандонам шав. Шавҳару фарзандонам туро ҳеч гоҳ надидаанд. Намешиносанд. Мо мисли як себи дукафон ба ҳам монанд ҳастем, онҳо туро чун ман қабул мекунанд.

Фотима номи фарзандонаш, чиро дӯст медоранду чиро не, чӣ хислате доранд ва дар бораи ҳамсараш низ ҳама чизро гуфт. Дар охир бо чашмони ғарқи ашк илова сохт:

- Туро ба Худо месупораму фарзандонамро ба ту. Аз онҳо хуб муроқибат кун, модари ҳақиқиашон шав!...

(Давом дорад)

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД