Аз паси ҳавлии мо ҷӯйборе мегузарад ва тариқи он обҳои партобие, ки аз ҳавлиҳои мардум берун меравад, ҷорӣ мешавад. Ҷӯи мазкур ҳар ҳафта аз ҷониби як шахси мутасаддӣ тоза карда мешавад, аммо...
Агар дар давоми ҳафта ҳар рӯз ба ин ҷӯй нигоҳ кунӣ, ҳатман рӯятро ба тарафи дигар мегардонӣ, зеро ба қавли мутасаддии ин ҷӯйбор, дар он ҷо ба “ғайр аз шири мурғу ҷони одамизод” дигар ҳама чизро пайдо кардан мумкин аст. Мардуми “бомаданият” ифлостарин чизҳозро ба ҷӯйи обаш равон, ба умеди он, ки об онро аз назди хонаашон дуртар мебарад, мепартоянд. Аммо аксари он уребча (чӣ номи ночаспоне!) ва дигар покетҳое, ки партов доранд, дар роҳи худ ба монеҳои дигар дармонда, ҳарҷо-ҳарҷо “ҷазирачаҳои” ифлосро пайдо мекунанд, ки минбаъд бояд онҳоро аз об берун кард.
Дар шариати ислом ҳатто ба об туф кардан манъ аст, зеро он манбаи зиндагӣ ва воситаи тозагист. Магар чанд памперси истифодашударо ба як покет андохта ба партовҷо бурдан ҳамин қадар душвор бошад?
Обро мисли нон эҳтиёт кардан лозим, ҳатто аз нон ҳам бештар. Зеро бе нон дурудароз зиндагӣ кардан мумкин аст, аммо бе об ҳамагӣ се рӯз...
Зуҳрои ЗИКРИЁ, корманди ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”