Дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар баробари оростани дастархон идона барои наврасон, ин ҳадяҳоро, ки аз маҷмӯи сарулибоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид якҷоя бо раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дастрас намуданд.
Зимни тақдими туҳфаҳо зикр шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Наврасон миннатдории худро барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд.