Салом ба аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ! Мо ҳанӯз дар синфи 9-ум мехондем, ки як ҳамсинфамон аз дунё гузашт. Дирӯз як ҳамсинфи дигарам аз Русия занг зада гуфт, ки ман хоб дидам, ту ба ҳамон раҳматӣ гуфта истодаӣ, ки ман рӯзи душанбе ба наздат меоям. Баъди ин гапро шунидан ҳиссиёти ногуворе маро фаро гирифта, дар дилам тарсу ҳарос лона гузоштааст. Таъбири хобамро донистан мехоҳам.
Шаҳодат, ш. Душанбе
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки хоб дидани одами аз олам гузашта фоли бад аст ва аз сар задани ягон ҳодисаи ногувору даҳшатангез дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Аз ҳамин сабаб вақте ягон хешу табор, дӯст ё шиноси кайҳо мурдаамон ба хобамон медарояд, сахт хавотир мешавем ва дар диламон ҳисси тарсу ҳарос пайдо мешавад. Тарс аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш, тарс аз фалокат, тарс аз марг, вале...
Дар асл хоб дидани шахси мурда на ҳамеша нишонаи сар задани ягон ҳодисаи нохуш аст. Мурдаҳо ба он хотир ба хоби зиндаҳо медароянд, ки онҳоро аз ҳаводиси хубу баде, ки ба наздикӣ дар ҳаёташон рӯй медиҳанд, огоҳ созанд. Касе, ки чунин хоб мебинад, бояд як муддат ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба саломатӣв бехатариаш диққат диҳад ва эҳтиёт бошад.
Бори дигар такрор мекунем, ки хоб дидани мурда на ҳамеша фоли бад аст ва чунин хоб аз рӯй додани ҳодисаҳои хурсандиовар низ пайғом дода метавонад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки хоб дидани мурда рамзи тағйиротҳои ҷиддӣ дар ҳаёти шахси хобдида, кушода шудани дари муваффақияту имкониятҳои нав ба рӯяш ва оғози як зиндагии серу пури хушбахтона мебошад.
Касе, ки дар хобаш бо шахси мурда сӯҳбат мекунад, дар асл ягон хабари хуш ба гӯшаш расида, хурсанд мешавад. Чунин хоб метавонад нишонаи гул кардани орзуи деринае бошад, ки шахси хобдида умедашро аз амалӣ гаштани он канда буд.
Одами бегона не, балки хешу табор ё дӯсти аз олам гузаштаатонро хоб бинед, дар оилаатон тифли навзод ба дунё меояд, даромади калон ба даст меоред ё ягон коратон барор гирифта, шоду хурсанд мешавед. Шахси хобдида бо мурда суҳбат карда, ӯро ба оғӯш бигирад, дар ҳаёти оилавиаш ягон навигарии хурсандиовар рӯй медиҳад.