arzon replenishment
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 5)
1583

ИДОМААШ...

Фирӯза китобро як тараф гузошт ва чолокона давида ба оғӯши падар даромад. Дастонашро ҳарвақта барин давр то даври гардани падар ҳалқа кард. Ба сару рӯйи падар бӯса зад.

Вақте ки падар ӯро сари даст бардошта қоматашро рост кард, Фирӯза ба мӯйи сари ба қафо гардондаи падар даст бурд. Панҷаҳояшро паҳн карда, бо ангуштонаш мӯйи сиёҳи падарро тилту парешон менамуд ва боз ба таври худ ба тартиб медаровард.

-Атаҷон,-бо лаҳни ширини кӯдакона гуфт Фирӯза.
-Ҷони ата,-ҷавоб дод падар.

-Ту чаро имрӯз дер омадӣ?
-Корам бисёр буд, духтарам.
-Атаҷон!
-Ҷони ата!

-Ман аз дер омадани шумо ғамгин шудам. Шуморо бисёр ёд кардам

-Раҳмат, духтарҷон, раҳмат! Лекин ту ғамгин нашав. Ман ҳар куҷое бошам, илоҷ карда ба назди шумо меоям. Ҳеҷ гоҳ аз шумо дур намешавам.

-Атаҷон!
-Ҷони ата!

-Ту дар ин шаби торики борониву шамол чӣ хел омадӣ? Тар нашудӣ? Натарсидӣ?

-Не, духтарам, то пушти дарвоза ба мошин омадам. Ҳамкоронам маро оварданд.
-Атаҷон!

-Ҷони ата!

Ман ҳарфи «П»-ро ёд гирифтам. Ҳозир дар пеши шумо мехонам. Боз ҳарфи дигарро ҳам ба ман ёд диҳед, ки ман ҳангоми ба мактаб рафтан аз ҳамсинфонам пешсаф бошам; дарсҳои мегузаштаи муаллимро донам ва баъд муаллим маро сардори синф монад.

-Майлаш духтарам, майлаш.

Фирӯза гардани падарро сар намедод. Каме хомӯш монд. Рӯяшро ба рӯйи падар часпонда чашмонашро пӯшид. Боз чашмонашро кушода ба модараш нигоҳ кард ва ба падараш гуфт:

-Атаҷон!
-Ҷони ата.

-Модарам маро ҷанҷол кард. ӯ маро хафа кард. Шумо ӯро ягон чӣ гӯед, ҷазо диҳед!
-Барои чӣ модарат туро ҷанҷол мекардааст?
-Барои он ки ман ба долон баромада, «ата» гуфта, шуморо фарёд кардам.

-Оҳо, ҳоло ин тавр гӯ,-табассуме дар лабони Диловар дамиду ба сӯйи Сайёра нигоҳ кард ва сохтакорона суханашро идома дод:- Ту чаро духтари маро хафа кардӣ-ҳа? Чаро? Ҳоло рӯз шавад, баъд ман медонам ба ту чӣ кор кунам.

Ханда аз лабони Сайёра канда намешуд. ӯ аз рафтору кирдори духтараш дар ҳайрат меафтод. Аз зиракиву доногии духтараш хушҳол гашта завқ мебурд ва ин лаҳзаҳои ширини зиндагӣ дар хотираш нақш мебаст. Вале Фирӯза як одати баде ҳам дошт. Ҳар гапе, ки шунавад, ҳатман ба падараш нақл мекунад. Вай ин одатҳои духтарашро хеле хуб аз худ карда буд. ӯ медонист, ки чӣ дағалие нисбат ба духтараш раво бинад, Фирӯза ҳатман ба падараш     нақл мекунад, хабаркашӣ менамояд.

Диловар чанд қадам ба пеш монд ва ба Фирӯза гуфт:

-Ҳоло ба модарат ҷазо намедиҳем. Чунки ҳозир шаб аст. Рӯз шавад, баъд медонем ба ӯ чӣ кор кунем. Ҷазояшро медиҳем. Ту розӣ ҳастӣ, духтарам?

-Ҳа, майлаш, лекин саҳар модарамро ҷанҷол накарда ба кор нарав.

-Майлаш, модаратро ҷанҷол накарда ба кор намеравам.

Диловар назди оташдон нишаст. Фирӯза дар бағалаш буд. ӯ сари зонуи падар нишаста даст аз гардани падар намегирифт…

Сайёра дастурхон партофт, таомро ҳам овард. Онҳо хӯрок мехӯрданд. Лекин Фирӯза майли хӯрокхӯрӣ надошт. ӯ аз оғӯши падараш дур намешуд. Шикамаш ҳам ба ёдаш намерасид. Фақат аз дасти падар чанд луқма ба даҳон бурду халос...

…Вақти хоб ҳам фаро расид. Сайёра ҷойгаҳи хобашонро омода сохт. Сипас, чароғро хомӯш кард, ки аз ин ҳама ҷо торик шуда монд. Оташи оташдон ҳам кунд гашта буд, дар он лахчаҳо боқӣ монда буданду халос.

Фирӯза мисли ҳаршаба байни падару модар якпаҳлу ёзид. Вай дастонашро дар гардани падар сахт ҳалқа карда сар намедод. ӯ одатан ҳар шаб ҳамин хел мехобид. Баъд аз он ки паҳлуи падар хобаш мебурд, модараш ӯро гирифта ба ҷойгаҳи худаш мегузошт. Ҳар субҳ, вақте ки Фирӯза аз хоб бедор мешуду худро дар паҳлуи падар намедид, бо гиряву нола аз модараш изҳори норозигӣ менамуд.

Фирӯза дар хонаи торик даст аз гардани падар гирифта, панҷаашро ба рухсораи падар монда соидан гирифт ва гуфт:
-Атаҷон!

-Ҷони ата!

-Аз ту бӯйи хуш мебарояд. Ман ин бӯйи туро дӯст медорам. Мехоҳам, ки то рӯз хобам набараду туро бӯ кашида истам, лекин хобам мебарад.

-Оҳо, атаат бӯйи хуш мекардааст –ҳа,- овоз баровард Сайёра.

-Ҳа, атаам хеле бӯйи хуб доранд.
-Ман чӣ?

-Не, оча, тӯ бӯйи дуду оғил мекунӣ. Барои ҳамин бо падарам хоб нашав, ки боз бӯйи ту ба сару тани атаҷонам начаспаду бӯйи хушашро нест кунад. Ту аз бари мо дур хоб кун. Ана, ҷойгаҳи манда бихоб. Ман бошам, бо падарам.

-Эй аҷинача, ҳозир гирифта дар ҷойгаҳат мехобонамат. Боз ман бӯйи бад мекардаам-а?- гуфт Сайёра.

-Ҳа, ту бӯйи бад мекунӣ, барои ҳамин ман туро неву атаамро оғӯш мекунам.

-Ин тавр ки бошад, туро дигар дар ҷойгаҳамон роҳ намедиҳам. Худат танҳо дар ҷойгаҳат бихоб.

-Атаҷон, ана шунидӣ, ки очам чӣ мегӯяд. ӯ маро дигар дар бари ту хоб кардан намемонад.

-Модарат шӯхӣ мекунад, духтарам.
-ӯ шухӣ намекунад, рост мегӯяд.

-Хайр, ҳозир аз модарат мепурсем, ки рост гуфтааст ё шухӣ кардааст. Сайёра, ту духтари маро аз ин ҷо пеш мекунӣ?

-Ман шухӣ кардам,-гуфт Сайёраву каме худашро бардошта Фирӯзаро бӯсид.

-Атаҷон!
-Ҷони ата.

-Очаамро ҷанҷол кунед.
-Майлаш, ҷанҷол мекунам, гуфтам-ку, саҳар шавад баъд…
-Не, атаҷон, ҳозир ҷанҷол кунед.
-Барои чӣ ҳозир?

- Агар шумо ӯро ҳозир ҷанҷол накунеду маро хоб барад, ҳаршаба барин очаам маро аз бари шумо гирифта дар ҷойгаҳи худам мегузорад. ӯ ҳар шаб ба ман чунин мекунад. Намемонад, ки ман то рӯз шуморо оғӯш кардаву бӯй кашида бихобам.

-Тамом, духтарам! Дигар модарат туро аз бари ман намегирад. Агар туро ба ҷойгаҳи худат барад, ӯро сахт ҷанҷол мекунам.

Сайёра ин дафъа баланд хандид ва аз меҳру муҳаббати зиёд як шаппотии мулоиме дар рони пойи лоғари Фирӯза зада гуфт:

-Эй, хабаркаш, алақа барин шақ-шақ кун, ҳамаи хабарро ба падарат расон, ягонтоашро фаромӯш накун,- ва даст бар миёни борики Фирӯза бурда, аз рухсораи вай бӯсид.

-Атаҷон!
-Ҷони ата.

-Ана дидӣ, очаам маро зад. Ту ҳам ӯро зан.
-Очаат туро зад?
-Ҳа, як шаппотӣ дар поям зад.

-Ҳозир, ҳозир духтарам! Акнун ин модари ту аз ҳад гузаронд ку,-гуфт Диловар ва ба Сайёра муроҷиат карда: -Ту ба духтари ман чӣ кор дорӣ- ҳа, чӣ кор дорӣ? Боз ту духтари маро мезанӣ- ҳа,-аз ҷой каме худашро бардошта, бар китфи Сайёра оҳистаю навозишкорона даст расонд.

-Ана, дидӣ духтарам, ман ҳам ӯро задам.

Сайёра боз мисли пештара баланд хандида гуфт: «Эҳ Худо, эҳ Худо, ин духтарро бин-а»…

Ақрабаки соат такрор ба такрор давр мезад. Дақиқаҳо паси сар мешуданд. Чархи фалак ҳар як лаҳзаи зиндагӣ ва ҳодисаву воқеаҳоро ба коми худ фурӯ мебурд. Вақт дубора пас намегашт…


ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД