Абдулло Шарипов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Маҳфилоро” дар барномаи “Ногуфтаҳо” мегӯяд, барои ҷарроҳии духтарчаи хурдсолаш ба кӯмаки моддӣ эҳтиёҷ дорад.
Марям, духтарчаи 2-солаи Абдулло 6 моҳ боз ба бемории “остеомиелит” (илтиҳоби устухон ё боди устухонхӯрак) гирифтор аст ва то имрӯз се амалиёти ҷарроҳиро паси сар кардааст. Барои ҷарроҳии чоруми ӯ, ки бояд дар хориҷ аз кишвар сурат гирад, маблағи калон лозим аст, дар акси ҳол, табибон пои кӯдакро мебуранд. “Шифо меёбад, ба шарте, ки маблағи лозимаро дарёфт кунем. Агар маблағ пайдо шавад, ӯро ба Маскав бурдан мехоҳам, чун ҳоли фарзандам дар пеши чашмонам рӯз то рӯз бад шуда истодааст”,-мегӯяд Абдулло.
Ҳунарманд соҳиби се фарзанд буда, Марям духтари хурдиаш аст ва ду фарзанди дигарашро аз даст додаву намехоҳад, ки нисбати саломатии духтарчаи бемораш бепарво бошад. Ҳунарманд аз нафароне, ки то имрӯз ба ӯ кӯмак карданд, миннатдор аст ва боз умед дорад, ки дигар афроди хайрхоҳ низ дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Ҳамчунин, санаи 2-юми апрел, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон таҳти унвони “Гули Марям” бо иштироки Фарзонаи Хуршед, Зиёвиддини Нурзод, Шаҳроми Абӯбакр, Рӯзибеки Файзалӣ, Рустами Нур, Матлуба Раҳимова, Наимҷони Сайдалӣ ва гурӯҳи ҳаҷвии “Маҳфилоро” барои ҷарроҳии Марям барномаи консертии хайривӣ баргузор мегардад. Корти бонкӣ: 6233510111209155 (Спитамен Бонк)