arzon replenishment
Ба хотири тӯйи хоҳарам Русия рафта, маъюб шудам
1337

Салом! Ман, як ҷавони 28-солаи тоҷик, мехоҳам сарнавишти талхамро нақл кунам, то ки ба дигар ҷавонон дарси ибрат гардад.

Ман дар оилаи камбизоат ба воя расидаам. Падарам аробакашӣ карда, зиндагиамонро базӯр пеш мебурд. Модари бечораам савод ва касбу ҳунаре надошту маҷбур дар дари хонаи одамони пулдор хизматгорӣ карда, хона тоза мекард, гилему палос мешуст, нону кулча мепухт. Барори заҳматаш гоҳе ба ӯ пули ночиз ва гоҳи дигар нону хӯрока ё либосҳои кӯҳнаи кӯдаконашонро медоданд. Хулоса, мо - ду бародару чаҳор хоҳар нимсеру нимгурусна ва бо либоси кӯҳнаи мардум калон шудем.

Апаи калониамро холаам, ки зиндагиаш нисбат ба мо сад фисад баланд буд, келин кард ва “апа, худат як одами камбағал ҳастӣ, қарзу қавола карда, барои арӯс чизу чора нахар, худам хонаи писару келинамро пур мекунам” гӯён, тӯйро аз ҳисоби худаш гузаронд. Хешовандонамон аз рӯйи дилсӯзӣ барои ман ҳам як хешдухтари ятимамонро ёфтанд ва падару модарам бо кӯмаки одамони хайрхоҳ як маъракачаи хоксорона ороста, сари маро ҷуфт карданд, вале хоҳарамро одамони бегона келин карданду сар шуд ранҷу азоби мо. Модарам шабу рӯз гиряву нола мекард, ки қудоҳо одамони пулдор ҳастанд, агар духтараш ҷиҳози хуб набарад, як умр дар хонаи шавҳараш таънашунав мешавад. Падарам ба ғазаб омада, ба сари модарам дод мезад, ки вай бо аробакашӣ базӯр рӯзи моро мегузаронад, барои харидани мебел ва қолинҳо қиматбаҳо аз куҷо пул ёбад. Хуллас, баъди фотиҳаи хоҳарам ягон рӯз дар хонаи мо оромӣ набуд.

Билохира, аз ҷангу ҷанҷоли падару модарам барои пул безор шуда, қарор додам, ки ба Русия мардикорӣ рафта, тӯйи хоҳарамро бо обрӯ мегузаронам. Модарам аз ин қарори ман бениҳоят хурснад шуд ва бо дуои сафеди волидон роҳи Русияро пеш гирифтам. Ҳамсинфам дар шаҳри Тюмен кор мекард. Рост ба назди ӯ рафта, вазъиятро фаҳмондам ва бо кӯмаки ҳамон дӯстам дар як ширкати сохтмонӣ ба кор даромадам. Кори сохтмон вазнин бошад ҳам, пули хуб медоданд. Дар бадали 8-9 моҳ хеле пул кор карда, ба хона равон кардам. Модарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Барои хоҳарам бо пули ман қолину палос, пардаҳои зебо, курпаю курпача карданд, мебел ва зару зевар хариданд. Тайёрӣ ба тӯй бомуваффақият идома дошт.

Қарор додам, ки як ҳафта пеш аз тӯй ба Ватан баргашта, тӯйи хоҳарамро мегузаронам, ягон моҳ дам мегирам ва боз ба Русия баргашта, корамро идома медиҳам, вале “камбағалро дар болои ушрут ҳам саг мегазад” гуфтагӣ барин, се рӯз пеш аз омаданам аз ошёнаи сеюм афтидам. Ҳолатам бениҳоят вазнин буд. Касе умед надошт, ки ман зинда мемонам, вале Худо раҳми ду фарзанди хурдсоламро хӯрда, ба ман умри дубора ато намуд. Бо инояти офаридгор зинда монда бошам ҳам, маҷруҳ шудам. Модарам дар фоҷиаи ба сари ман омада худашро шгунаҳкор дониста, ҳамеша гиря мекунад, ки барои бо обрӯ гузаронидани тӯйи духтарам писарамро ба Русия фиристода, боиси маъюб гаштанаш шудам.

Ман аз касе гиламанд нестам. Шояд тақдиру насибам ҳамин будааст. Танҳо ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки дар гузаронидани тӯю маъракаҳо ба зиёдаравӣ роҳ надиҳед, охир хушбахтӣ дар чизу чораи бисёр ва ҷиҳози гаронбаҳо не, балки дар ишқу муҳаббат ба эҳтироми ҳамдигар аст.

МАНУЧЕҲР, аз шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД