Arzon march 2024
Ба хотири шавҳар писарамро сағера кардаму...
04.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1600

Ман як зани 25-сола ҳастам, ки ин сатрҳоро бо ашки чашм менависам. Аз шавҳари аввалаам бо як писарча ҷудо шудам. Бори дувум ба шавҳар баромадаму фикр кардам, ки хушбахт мешавам, аммо ин дафъа хусуру хушдомани беморам монеи бахтам ҳастанд.

Баъди никоҳ волидони шавҳарам талаб карданд, ки писарчаамро дар хонаи падару модарам монам. Ба хотири бахтам сукут кардам. Вақте аз шавҳари дуюмам ҳомиладор шудам, шавҳарам гуфт, ки “кӯдакро исқоти ҳамл кун, агар падарам фаҳмад, маро мекушад, ду фарзанд аз собиқ занам ба ман басанда аст”.

Кӯдакони ӯро парасторӣ мекунам, писараки худам бошад, бе оча дар хонаи бобои падариаш, гоҳ дар хонаи волидайни ман меистанд.

Бо исрори шавҳарам тифли батнамро бо дору афтонидам. Барои он ки қотили фарзандам шудам, дилам хун мегиряд.

Як ҳафта пеш аз шавҳарам иҷозат пурсида, ба хонаи падарам хабаргирӣ омада будам, вале ҳоло хусуру қайсингилам мегӯянд, ки дигар ба хонаи онҳо наравам. Шавҳарам мегӯяд, ки “тоқат кун, хонаи иҷора гирифта, туро мебарам”, аммо ман дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаам.

Чӣ маслиҳат медиҳед?

Ному насаб махфӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД