formula
Ба хотири шавҳар аз баҳри модарам гузарад?
01.10.2022
ОИЛА
912


Саломи худро ба куллихонандагони ҳафтанома мерасонам.Аввалан ба аҳли қалами ин ҷарида аз даргоҳи Худованд саломатӣ мехоҳам.

Баъдан мехоҳам рози дили худро баҳратон ифшо намоям.
Модари ман дар ҷавониаш ба хатогиҳо рохдодааст, аммобаъданпушаймоншудавуназдиАллоҳтавба карда,рӯ ба намозурӯзаовардааст. Вақте ки ман ба шавҳар баромадам, шавхарам баъди ду мохи тӯямон наздам шарт гузошт, ки агар аз зиндагиам умед дошта бошам, дигар тамман ба хонаи модарам намеравам.Ба хотири нашикастанибахтамба тамоми шарту талабҳои шавҳарам розӣ шудам, чунки мо якдигарро дӯст дошта, оила бунёд намудем.оил
Аз зиндагии муштараки мо се сол сипарӣ гардида, соҳиби ду фарзанд шудем, вале шавҳарам назди ман шарти нав мондааст, ки дигар модару хоҳарам ба хонаамон дидорбинӣ наоянд, хол он ки модарибечораам аз тарсихонавайроннашуданиман дар як сол ҳамаги чор бор ба хонаам омадаастухалос.Барои он ки шавҳарам гумони бад накунад, танҳо дар ҳузури ӯ ва бо телефонишавҳарам ба модарам занг зада, ҳамсуҳбат мешавам. Шавҳарам маро қасам додааст,ки бо модарам танҳотавассутителефони ӯгапзанам.
Миёни чорроҳаизиндагӣҳайронам, охир модар барои ҳар инсон азиз аст ва ман наметавонам ӯро аз ҳаёти худ берун созам, вале зиндагиамро низ вайрон кардану аз ҳамсафари ҳаётиям ҷудо шудан намехоҳам. Чӣ кор кунам?

Д.Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД