Алиҷон ном дорам. Бе падар калон шудаам. Фарзанди ягонаам, мисли дигарон хоҳару бародар надорам. Модарам маълумоти олӣ надоштанд ва маро бо сад ранҷу азоб калон карданд.
Ростӣ, пас аз хатми мактаб мехостам ба ягон донишгоҳ дохил шавам, аммо шароит, ки надоштем, модарам гуфтанд:
- Як сол дар Русия кор карда биё, баъд дохил мешавӣ, писарам!
Ҳамин тавр, ҳамсинфонам, ки чандон дониши казоӣ надоштанд, бо пулу тағобозӣ ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуданду ман-бачаи аълохон ва босавод ночор роҳи Русияро пеш гирифтам. Соли аввал хеле азоб кашидам, чунки на ягон шинос доштам ва на пули кофӣ, ки хонаеро иҷора бигирам. Дар мағозаи хӯрокворӣ ба кор даромада, шабҳоро дар ҷойи корам рӯз мекардам. Бачаи дасту дил пок ва меҳнатӣ, ки будам, соҳиби мағоза рафторамро назорат карда, баъди чанд моҳ маро аз вазифаи боркашон-грузчик ба кори фурӯшандагӣ гузаронд. Маоши фурӯшандагӣ нисбатан зиёдтар буд, бар замми ин, тез-тез ба мо маводи хӯрока медоданд. Зиндагиам рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва оҳиста-оҳиста роҳу равиши корро ёд гирифта, хеле муваффақтар шудам. Ҳуҷҷатҳоямро тахт намудам ва хонаеро иҷора гирифтам. Азбаски худам дар мулки ғарибӣ ранҷу азоби бисёре кашида будам, муҳоҷирони нав ба Маскав омадаро, ки камбағал ва мӯҳтоҷ буданд, ба қадри имконият ва тавони худ дастгирӣ намуда, кӯмак мекунам.
Қарзи фарзандиамро адо намуда, ҳар моҳ ба модари заҳматкашам пул равон мекардам, то ки аз чизе танқисӣ накашад. Дар бадали 4-5 сол пули хуб кор кардам ва хонаи фарсудаи пештараамонро чаппа карда, ба ҷояш хонаи зебои нави дуошёна сохтам. Ба қавли модарам бо шарофати пули Россия билохира мо ҳам ба қатори одамон дохил шудем, вале...
Духтареро дўст медорам. Пеш аз ба Русия мардикорӣ омаданам ба дӯстдоштаам ваъда дода будам, ки миёнамро маҳкам баста, пул кор мекунам ва баъди бозгашт ба хонаашон ҳатман хостгор мефиристам. Духтари бечора ба умеди ман чанд хостгорро рад кард, вале модарам ду пояшро ба як мӯза андохтааст, ки духтари холаатро ба занӣ мегирӣ. Пештар хешу табор моро ҳатто одам ҳисоб намекарданд, аммо акнун пулдор шудани маро фаҳмида, духтаронашонро пешкаш карда истодаанд. Ҳар қадаре, ки кӯшиш мекунам фаҳмонам, ки дӯстдошта дорам, модарам маро фаҳмидан намехоҳад. Кампир ду пояшро дар як мӯза андохтааст, ки “дар вақташ ман ба хотири ту ҷавониамро барбод дода, дубора шавҳар накардам, вале имрӯз ту аз гапи ман баромада, духтари бегонаеро ба ин хона овардан мехоҳӣ. Хоҳӣ-нахоҳӣ, духтари хоҳари худамро келин мекунам, ки дар дами пирӣ маро мисли модараш нигоҳубин кунад. Дониста бош бача, агар гапамро ду кунӣ, дигар маро оча нагӯй” гуфта истодааст. Байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Бар хилофи хоҳиши модарам духтари дӯстдоштаамро ба занӣ гирифта, ба Русия биёрам, метарсам, ки модарам аз ман рӯй мегардонад ва дар ҳаққам дуои бад мекунад, агар ба хотири модар бо духтари холаам издивоҷ кунам, яқин як умр бадбахт мешавам. Гуфтанӣ нестам, ки духтархолаам ягон айбу гуноҳ дорад ё одами бад аст. Дар ҳақиқат як духтари гул барин зебо ва ҳунарманд аст, вале духтари холаамро ман мисли хоҳарам медонам ва тавассур ҳам карда наметавонам, ки чӣ тавр бо ин духтар дар як болин сар мегузорам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
АЛИҶОН, аз шаҳри Маскав