Ҳар як модар орзу мекунад, ки писарашро зан дода, соҳиби келину набераҳои дӯстрӯяк гардад. Замоне ман ҳам дар дил чунин орзуҳои ширин мепарваридам, вале аз рӯзе, ки келин кардам, ба ҷойи хушбахтӣ танҳо дарду ғам насибам гашт.
Ман дар бисотам ду духтару як писар дорам. Фарзандонам пештар ҷонашонро барои якдигар нисор мекарданд, вале баъди оне, ки писарам зан гирифт, хонаамон нотинҷу муносибати фарзандонам бо ҳамдигар тамоман вайрон шуд. Арӯси писарам аз рӯзи аввали ба хонаи мо қадам гузоштанаш қайсингилҳояшро бад дида, бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол мебардорад. Ман мудом духтарҳоямро насиҳат мекардам, ки келин ҳоло ҷавон аст, шумо бо вай баробар нашавед, вале арӯси тирмизак аз хомӯшии ману духтаронам истифода бурда, чунон аз худ рафтааст, ки дигар ягонтои моро одам ҳисоб намекунад. Модарвор ӯро насиҳат карданӣ шуда, ягон чиз гӯям, ба шавҳараш хабаркашӣ карда, сад гапи дурӯғи дигар мебофад, ки хоҳаронат модаратро шӯр меандозанд, то ки маро аз хона пеш кунад...
Як сол нашуда писарам ғуломи ҳалқабаргӯши занаш гаштааст ва ҳар чи вай гӯяд, бовар карда, хоҳаронашро зери мушту лагад мегирад. Келинам бо гапҳои дуруғаш фарзандонамро душмани ҷони ҳамдигар гардондааст. Аз ғурбату моҷаро хаста шудаам, дилам мехоҳад, ки писару келинам ягон хонаи иҷора ёфта раванду маро дигар азият надиҳанд, вале метарсам, ки мардум “ ин занак як писарро дар хонааш ҷунҷонда натавонист” гӯён, ба холам механданд. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
C. Н.