Аксари падару модарни ҷавон ба фарзандонашон номҳои нави замонавӣ мемонанд, вале атрофиён, махсусан одамони калонсол онҳоро мазаммат карда мегӯянд, ки ба фарзанд бояд номҳои мусалмонӣ гузорӣ. Ин андеша то кадом андоза асоснок аст?
Мадина, ш. Хуҷанд.
Посухи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода
-Хоҳари азиз, албатта аз номи Паёмбари ислом (с) дар мавриди номгузорӣ ҳам ҳадисҳо ривоят мешавад, ки: “Беҳтарин номҳо ҳамонест, ки саршавии онҳо бо Абд аст. Масалан, Абдуллоҳ, Абдураҳмон”. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ин маънои онро надорад, ки мо ба фарзандонамон ҳатман ин номҳоро гузорем ва аз номҳои миллӣ даст кашем. Шумо бо хоҳиши худ ба фарзандатон ном гузоред, фақат бояд ба назар гиред, ки он ном дар оянда шаъни ӯро паст накунад ва ӯро сархам нагардонад. Номҳои тоҷикӣ, амсоли Мубориз, Сарафроз , Қаҳрамон, Ифтихор беҳтарин номҳоянд.
Номҳои зебое ҳастанд, ки тоҷикианд, онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сарфи назар кард. Мутаассифона, солҳои охир хурофотпарастоне пайдо шуданд, ки номҳои худро иваз карданд, ки ин дуруст нест. Боре ман дар масҷид будам. Парвиз ном ҷавони паҳлавон ба наздам омаду гуфт, ки домуллое мегӯяд, ки номатро гардон. Гуфтам, ки Парвиз ин равшанӣ аст. Номатро ба ҳеҷ ваҷҳ нагардон ва аз минбари масҷид Муҳаммадпарвиз гуфта, садояш кардам.