Беҳуда намегуфтаанд, ки ҷавоби некӣ бадӣ аст. Ман инро аз таҷрибаи талхи зиндагии худам фаҳмидам.
Фотеҳ ном ҷияне дорам. Вақте ки падараш аз вай рӯй гардонд, касе аз аҳли авлод ӯро соҳибӣ кардан нахост, ягона одаме, ки дасти навозиш бар сараш бурд, ин ман будам. Ба вай падарӣ кардам, хўрондам, пўшондам, хонондам, вале имрӯз, ки падараш пайдо шуда омадааст, ҷиянам душмани ҷонам гаштааст. Гуноҳамро намедонам. Магар ман ӯро калон карда гунаҳгор шудам? Ба ҷойи шукрона карда, дасти амакашро бўсидан ба рўям туф карда баромада рафт.
Калонсолон беҳуда намегуфтаанд, сагбача калон накун, ки банди поятро мегазад. Имрӯз, ки хари ҷиянам аз об гузаштааст, аз гиребони ман мегирад.
Эҳ, агар медонистам, ки мисли падараш кӯрнамак мешавад, ҳамон вақт бо асои модарам зада-зада ӯро аз дарвоза берун мекардам, вале афсӯс, ки одам пешомадашро намедонад!
Ба ҷияни кӯрнамакам гуфтаниям: Фотеҳ, ба ҷойи аз гиребони ман бигирӣ, рафта аз падарат пурс, ки барои чӣ туро ба деҳа оварда партофт?
Вақте модарат туро ба дунё овард, сари фарзанд рафт, падарат туро ба шаҳр буда, зани дуюм гирифт, то бароят модар шавад, аммо тираш хок хӯрд. Зани дуюмаш аз рӯзи аввал туро чашми дидан накард. Сағераи бесоҳибро бурда, ба бибияш деҳ гуфта, аз гиребонаш гирифтааст. Падари занкалонат туро дубора ба деҳа оварда, бо табъи гирифта наздам омад ва «акаҷон, писари маро ҳам қатори бачаҳоятон калон кунед, занам ўро қабул кардан нахост» гӯён, зориву тавалло кард. Аз хуни худамон, ҷиянам, ҷону ҷигарам аст гуфта, туро бо гули чиз ба воя расондам. Чаро имрӯз ба ҷойи раҳмат гуфтан аз герибонам мегирӣ, кӯрнамак? Падари пулмастат ба гўшат чӣ афсонаҳо хонд, ки аз мо рӯй гардонӣ? Нону намаки додам ду чашматро кӯр мекунад!
К.