Arzon march 2024
Ба ишқи ҷавонони имрӯза шубҳа дорам...
591

Имрӯз, вақте бо маслиҳати як дугонаам қалам ба даст гирифтаму нома менависам, хабардор шудам, ҷавоне, ки барои ман “сӯхтаму пухтам” мегуфт, на сӯхтаасту на пухтааст, баръакс гул-гул шукуфтаю дар канори арӯси ҷавони бовиқору бо сад нозу карашма дар паҳлуяш буда истода рост истодааст...

Имрӯз, ҳазорон бор шукр аз он мекунам, ки ба ваъдаҳои ҳавоияш фирефта нашудам ва туҳфаҳояшро дар як ҷомадон ҷой кардааму ҳоло ба ӯ хоҳам баргардонд.

Ин ҷавон, ҳар субҳу ҳар бегоҳ сари роҳи маро гирифта, гулдастае тақдим кардан мехост ё бо мошинаш то донишгоҳ бурданӣ мешуд. Аммо аз оғоз дилам ба ин ҷавон “об намехӯрд” ва дар ҷавоби ваъдаҳояш ман ҳам танҳо бо ваъдаҳои холӣ ҷавоб мегуфтам. Вақте булҳавас буданашро аз дигар дугонаҳоям ҳам фаҳмидам, дигар ба ӯ рӯйи хуш надодам.

Ниҳоят, рӯзе расид, ки ӯ аз хешони дури худ як духтарро интихоб карда, тӯй шуд. Маълум гардид, ки ӯ то ин дам барои чандин духтари дигар “сӯхтаю пухта “будааст.

Духтарҳои азиз, ба шумо як маслиҳати дӯстона: ҳаргиз ба ҷавонони булҳавас наздик нашавед ва ба пешниҳоди муҳаббати онҳо бо шубҳа нигаред, вагарна, оқибаташ “вой дод” аст!

Гулнамои НАЗАРХУДО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД