Ман як хоби бисёр даҳшатнок дидам ва мехоҳам таъбирашро бидонам. Дар хобам ману як дӯстам ҳарду гӯё мурда будем. Вақте ки ба назди дарвозаи биҳишт расидем, ба он дӯстам иҷозати ба ҷаннат даромаданро надоданд ва гуфтанд, ки ҷойи ин дар дӯзах аст. Ростӣ дӯстам инсони хуб аст, ба касе ягон зарра бадӣ накардааст, баръакс кӯшиш мекунад, ки ба дигарон ёрӣ расонад. Барои ҳамин бисёр ғамгин шудам. Албатта ман хоби дидаамро ба дӯстам нагуфтам, вале дилам сиёҳ шуд. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
М. З., сокини шаҳри Душанбе
Посух:
- Барои таъбири хоби шуморо пайдо кардан мо чандин хобномаҳоро дида баромадем ва инак маълумотҳои пайдо кардаамонро манзуратон месозем.
Тавре дар хобномаҳо омадааст, одами камбағал ҷаҳаннамро хоб бинад, маълум мешавад, ки дар назди Худованд ягон гуноҳи бузург содир намудааст. Шахси хобдида бояд тавба карда, минбаъд аз корҳои ҳарому носавоб даст кашад.
Аммо марди сарватманд хоб бинад, ки ба дўзах афтодааст, ба сафар мебарояд ва мушкилиҳои зиёде дар ғурбат домангираш гашта, ранҷу азоби бисёр мекашад.
Касе, ки дар хобаш худро дар дўзах баста бубинад ва ўро қину азоб мекарда бошанд, дар зиндагӣ мушкилоти бузурге ба сараш меояд.
Аммо хоб бинӣ, ки аз дўзах баргашта истодаӣ, аз роҳи хатою зино баргашта ба пайроҳаи савоб ва худошиносӣ қадам мениҳӣ.
Кас хоб бинад, ки қиёмат қоим шудаасту гуноҳу савоби ӯро пурсуҷў карда истодаанд, кораш ба суд ё милиса меафтад.
Хоб бинӣ, ки ба дӯзах афтодаӣ, вале туро намезананду озор намедиҳанд, ягон орзуят амалӣ гашта, соҳиби боигарӣ ва пули калон мешавӣ, вале он пул аз роҳи ҳалол ба даст намеояд.
Дар охир хотиррасон мекунем, ки хоб дидани дӯзах маънои онро надорад, ки кас ба ҷаҳаннам меафтад ё ба сараш ягон балои азим меояд. Аксаран бо сабаби асабоният кас чунин хобҳои парешон мебинад. Дӯстатон инсони хуб ва раҳмдилу меҳрубон бошаду ба дигарон ҳамеша кумак кунад, пас беҳуда ташвиш накашед ва хоби дидаатонро ба ӯ гуфта, дилашро озурда насозед. Метавонед барои оромиши дили худ ба ягон маъюб, кӯдаки ятим, бемор ё шахси дармондаву муҳтоҷ ба қадри имконияти худ чизе хайр кунед.