Салом! Муҳаммадҷон ном дорам ва дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия мехонам. Албатта аз тоҷик буданам ифтихор мекунам, вале аз сабаби он ки чандин сол боз дар Руссия зиндагӣ мекунам, хислати аврупоӣ дорам.
Лена ном духтараки русро дӯст медорам ва мехоҳам бо ӯ хонадор шавам, вале волидонам ба издивоҷи мо муқобиланд. Онҳо ду пояшонро дар як мӯза андохтаанд, ки зани тоҷик мегирӣ. Духтари кадом як хешамонро таги чашм кардаанду мехоҳанд риштаи тақдирамро бо ӯ пайвандам. Ҳарчанд мегӯям, ки худатон фикр кунед, чӣ хел ман бо духтаре, ки хислату рафторашро намедонам, зиндагӣ мекунам, аммо падару модарам маро ҳатто шунидан намехоҳанд. Лабу лунҷашонро овезон карда, мегӯянд, ки мо аллакай гапро бо соҳибони духтар пазондем, ту моро дар назди онҳо шарманда мекунӣ? Модарам мегӯяд, ки агар зани рус бигирам, шири покашро ба ман намебахшад.
Лена рус бошад ҳам, духтари боодоби донишманд аст ва ман ӯро аз даст додан намехоҳам, вале волидонамро розӣ карда натавониста истодаам. Онҳо бо як овоз “мо аз келини урус безорем” мегӯянд.
Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?