Дугонаам бо як ҷавони ҳамсояамон аҳди ишқу муҳаббат дошт, вале чархи фалаки ҷафопеша ба коми дили ин дилдодагон нагашт. Ба дугонаам аз Ҳисор хостгор баромаду пайвандонаш розигӣ доданд.
Дугонаам шабу рӯз гиря мекунад, аммо аз шарм ба волидонаш гуфта наметавонад, ки дӯстдошта дорад. Ҳолашро дида ғамгин мешавам, вале намедонам чӣ тавр ба вай ёрӣ расонам.
Аз ин рӯ, аз шумо, хонандагони азиз хоҳиш дорам, ки маслиҳати худро аз ман дареғ надоред. Ба падару модари дугонаам фаҳмонам, ки духтарашон дӯстдошта дорад ва бо он ҷавони ҳисорӣ тӯй шудан намехоҳад ё ба корҳои оилавии онҳо дахолат накунам?
МАСТУРА, ш. Норак