Sebiston new 2024 october
Ба доми марди алфонс афтидам
18.12.2022
ОИЛА
1748



Ман Ш., аз шаҳри Душанбе ҳастам. Имсол ба синни 35 қадам гузоштам. Тақрибан 6 сол қабл дар идораи бонуфузе кору фаъолият мекардам, маошам хуб, зиндагиам бад набуд.

Дар ҳамин шабу рӯзҳо бо ҷавони тақрибан даҳ сол аз худам хурд шинос шудам. Азбаски зани зебо ҳастам, ҳамеша таваҷҷуҳи мардонро дар зиндагӣ эҳсос мекардам, вале ин ҷавони хира аз рӯзи аввал соҳиби хонаву дар будану як фарзанд доштанамро фаҳмида, мисли канна ба ман часпид.

Ҳарчанд ба ӯ мегуфтам, ки қариб ҳамсинну соли модараш ҳастам, беҳтараш аз паси зиндагии худаш шавад, қавлу қасам хӯрда, худро ошиқи зор нишон медод. Мани сода, ки солҳои тӯлонӣ бе шавҳар зиста, чӣ будани навозиш ва меҳру муҳаббатро фаромӯш карда будам, аз меҳрубониву ғамхориҳои пайвастаи ошиқам ба ваҷд омада, тамоми дунёро фаромӯш кардам. Мисли духтари 18-сола ошиқ шуда, бовар кардан намехостам, ки ҳеҷ гоҳ ҷавони 25- сола ба зани 35- сола ошиқ намешавад. Мо бо ҳам никоҳ кардему шавҳари қишлоқиям ба хонаи ман кӯчида омад.

Духтарам аз ин кори ман ранҷида, либосҳояшро ҷамъ карда, ба хонаи модарам рафт. Ман чанд муддат худро зани хушбахттарини дунё эҳсос мекардам. Шавҳарамро чунон дӯст медоштам, ки умуман ягон ғараз доштани ӯро тасавур намекардам. Хулоса, мо як сол зиндагӣ кардем, байнамон ягон моҷарову нофаҳмӣ набуд, ҳар ду субҳ ба ҷои кор рафта, бегоҳ боз ба хона меомадем. Рӯзе модарам сахт бемор шуду ман рафта, 3 рӯз дар хонаи падарӣ истодам. Баъди 3 рӯз ба хона баргашта, баробари дарро кушодан ҳуш аз сарам парид, аз хонаи пурҷиҳози ман ному нишон намонда буд.

Тамоми ҷиҳози хона аз қабили мебел, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, қолин ва дигар ашёи пурқимат ғайб зада буданд. Бо гумони он ки ба хонаам дузд даромада бошад, дарҳол ба шавҳарам занг задам, вале телефонаш хомӯш буд. Ҳарчанд ба ӯ такрор ба такрор занг мезадам, ба зангҳоям ҷавоб намедод.
Хулоса, бо ҳамин шавҳари ҷавонам гум шуд. Азбаски худро сағераву бе касу кӯ муаррифӣ карда буд, дигар ному нишонашро пайдо карда натавонистам. Ба занону духтарон гуфтан мехоҳам, ки мисли ман сода нашаванду ба доми чунин алфонсҳои дузд наафтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД