Ба бачаи деҳотӣ ошиқ шудаму...
28.12.2025
Oila.tj
291

Салом. Ман духтари шаҳрӣ ҳастам, вале бо амри тақдир ба як ҷавони деҳотӣ ошиқ шуда, дар деҳа ба шавҳар баромадаму гӯё ба дӯзах афтидам.

Хушдоманам ду духтару чор писар дорад ва фарзандони худашро эрка карда, келину домодҳоро мисли ғулому канизак қабул мекунад. Аз субҳ то шом аз пайи кору бори хона гардам ҳам, дар чашмаш наметобад, вале ягон духтараш як косаро обгардон кунад, хонаро ба сараш мебардорад, ки ман тамоми кору бори хонаро ба сари қайсингилҳоям бор карда, худам рӯзи дароз бекор мешинам. Касе парвои сер ё гурусна, бемор ё солим будани маро надорад. Мабодо касал шуда гӯям, ки ягон ҷоям дард мекунад, хушдоманам дегро ба коса мезанаду косаро ба кафлез ва таънаю маломат мекунад, ки келини касалӣ дарди сараш шудааст.

Қайсингилҳоям муфаттиш барин мудом кору бори маро назорат карда мегарданд. Очаю духтарҳо дар ҳар як корам албатта ягон камбудӣ ёфта, маро неш мезанад. Як бурда нони мехӯрдаам дар ин хонадон дар танам заҳр мешавад.

Ба шавҳарам шикоят кунам, мегӯяд, ки ман мард ҳастам ва ба корҳои занона дахолат намекунам, мушкилатонро байни худатон ҳал кунед.

Росташро гӯям, шавҳарамро дӯст дошта гирифтаам ва дар вақташ падару модарам ба издивоҷи мо чандон розӣ набуданд. Агар ҳоло аз болои хушдоманам шикоят кунам, онҳо бо ҳамин баҳона моро ҷудо мекунанд.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

И. Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД